Парлумон барои воридоти таҷҳизот ҷиҳати татбиқи лоиҳаи низоми пардохти электронии роҳкиро сабукӣ медиҳад
ДУШАНБЕ,27.11.2017/АМИТ «Ховар»/. Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон рӯзҳои наздик ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» илова ворид менамоянд. Тибқи он таҷҳизоти зарурии барои татбиқи лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе» воридшаванда аз андоз аз арзиши иловашуда, боҷ ва пардохтҳои гумрукӣ озод карда мешаванд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки масъалаи мазкур дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат, ки имрӯз дар ҳузури Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон доир гардид, баррасӣ шуд. Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба молия ва иқтисод зимни тавзеҳи масъала гуфт, ки илова бо лоиҳаи қонун бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ, ба низом даровардани пардохти роҳкиро, аз байн бурдани гуногунфаҳмиҳо ва ба талаботи муосир ҷавобгӯ намудани симои пойтахти кишвар ворид карда мешавад.
Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҳамзамон «Нақшаи ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»-ро баррасӣ намуданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






