Пешвои миллат: «Минтақаи саноатӣ дар масоҳати умумии 70 гектар бо сармоягузорӣ дар ҳаҷми умумии 2 миллиарду 200 миллион сомонӣ ташкил карда мешавад»

Ноябрь 16, 2017 12:27

ДУШАНБЕ, 16.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи корхонаи металлургӣ дар шаҳри Истиқлол оид ба таърихи ин шаҳри саноатӣ, дастовардҳои сокинони он дар замони соҳибистиқлолии давлатӣ чунин зикр карданд: «Шаҳри Истиқлол ба ифтихори бузургтарин ва арзишмандтарин дастоварди таърихи навини мардуми тоҷик номгузорӣ шудааст. Соли 2018 ба таъсиси ин шаҳр 80 сол пур мешавад ва ифтитоҳи корхонаи азими металлургӣ дар арафаи ин ҷашн туҳфаи арзанда мебошад. Даврони истиқлолият, воқеан, марҳалаи эҳёи дубораи шаҳри Истиқлол ба ҳисоб меравад, зеро Ҳукумати кишвар дар ин муддат дар ҷодаи барқарор намудани низоми иқтисодии шаҳр, ободонӣ ва таъмини шароити зиндагии сокинон як силсила иқдомоти назаррасро амалӣ намуд».

Пешвои миллат оид ба ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати бунёди минтақаи саноатӣ дар ин шаҳр паём доданд, ки «тавассути ҷалби сармояи мустақим бунёди корхонаҳои саноатӣ оғоз гардида, ҷиҳати ғанигардонии буҷети шаҳр, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила беҳтар намудани некӯаҳволии мардум як қатор чораҳои мушаххас амалӣ гардиданд.

Бо ин мақсад, бо шарикони хитоӣ ҷиҳати бунёди минтақаи саноатии муштарак ҳамкории васеъ ба роҳ монда шуд. Тибқи нақша минтақаи саноатӣ дар масоҳати умумии 70 гектар бо сармоягузорӣ дар ҳаҷми умумии 2 миллиарду 200 миллион сомонӣ ташкил карда мешавад».

Ба гуфтаи Сарвари давлат, дар минтақаи нави саноатӣ бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ роҳандозӣ карда мешавад: «Дар минтақаи мазкур ду корхонаи металлургӣ, ҳар яке бо иқтидори 50 ҳазор тонна сурб ва руҳ, коргоҳҳои истеҳсоли қисмҳои эҳтиётӣ барои соҳаи саноати маъдан, кислотаи сулфат ва аккумуляторҳо бо ҷалби 1300 нафар мутахассисону коргарон бунёд мегарданд. Дар корхонаи якуми металлургӣ, ки мо чанд лаҳза пеш ба истифода супоридем, 600 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.

Тавре ба шумо маълум аст, хишти аввали бунёди минтақа 4 апрели соли 2014 гузошта шуда, корҳои сохтмони корхонаи металлургии якум бо иқтидори истеҳсолии 50 ҳазор тонна металли сурб дар як сол моҳи апрели соли 2016 оғоз гардида буданд. Дар ин муддат дар минтақаи зикршуда 4 коргоҳ ва дигар иншооти зарурии истеҳсолӣ бунёд гардида, имрӯз ба истифода супорида шуданд».

Дар минтақаи саноатӣ баҳри қонеъ гардондани талаботи сокинони шаҳр иншооти зерсохторӣ низ бунёд шудаанд: «Дар баробари ин, ду пойгоҳи обкашии пуриқтидор ва зеристгоҳи барқӣ сохта шудаанд, ки талаботи коргоҳу корхонаҳои минтақаи саноатӣ, инчунин эҳтиёҷоти сокинони шаҳрро бо оби нӯшокӣ қонеъ мегардонанд. Илова бар ин, дар минтақа корҳои сохтмони инфрасохтори иҷтимоӣ ва таҷдиди роҳҳо ба маблағи беш аз 230 миллион сомонӣ идома доранд».

Хотиррасон мешавем, ки субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идонаи ҷашни 25 — умин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва суҳбату мулоқот бо мардум бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф бурданд.

Ноябрь 16, 2017 12:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо