Симпозиуми байналмилалӣ дар Донишгоҳи тиббӣ: ортодонтҳо аз хориҷи кишвар баҳри табодули таҷриба ба Тоҷикистон омадаанд
ДУШАНБЕ, 24.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Симпозиуми байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами аномалия ва деформатсияҳои системаи ҷоғу дандонҳо дар беморони дорои роғи модарзодии лаб ва ком. Муолиҷаи комплексӣ ва байнитахассусии онҳо» баргузор гардид.
Дар конфронс ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, професорону омӯзгорони Донишгоҳи тиббӣ ва олимону мутахассисон аз Германия, Россия, Британияи Кабир ва Афғонистон иштирок намуданд.
Тавре Маҳмадшоҳ Гулзода зикр намуд, ҳамоиши имрӯзаи меҳмонон бо мақсади ҳамкорӣ дар соҳаи таълим, рушди илм, муолиҷаи беморон ва ташкили симпозиуму семинарҳо, таъминот бо маводи таълимӣ ва мубодилаи академии донишҷӯёну омӯзгорон сурат гирифтааст.
Ҳамчунин дар симпозиум зикр гардид, ки Тоҷикистон ба ортодонтҳо (мутахассис оид ба ислоҳи дандонҳо ва хобиши он) ниёз дорад ва имрӯз беҳтарин ортодонтҳо аз хориҷи кишвар баҳри табодули таҷриба ҷамъ омадаанд.
Бояд зикр намуд, ки симпозиуми мазкур бахшида ба Конфронси 65-уми ДДТТ таҳти унвони «Тадқиқоти фундаметалӣ ва амалӣ дар ҷаҳони муосир», ки имрӯз дар Душанбе оғоз ёфт, баргузор гардид.








Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд






