«СОЛИМИИ МАН- ҲУҚУҚИ МАН» — ҳамоиш бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо ВНМО
ДУШАНБЕ, 29.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар ҷаҳон 1 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бо ВНМО- Вируси норасоии масунияти одам (ВИЧ/СПИД) таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат дирӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҷамъомад доир гардид.
Дар ҳамоиши мазкур намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар вазорату идораҳои дахлдор, ташкилоту иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шарикони рушде, ки дар самти ВНМО саҳмгузорӣ мекунанд, иштирок намуданд.
Тавре муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода иброз дошт, бисту нуҳ сол пештар, соли 1988 бо пешниҳоди Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ин рӯз ҳамчун рӯзи умумиҷаҳонӣ эълон гардид. Аз соли 1996 ин сана бо ибтикори Барномаи муштараки СММ оид ба пешгирии ВНМО (ЮНЕЙДС) ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомат гузаронида мешавад.
«Амалисозии тадбирҳо бар зидди ин сироят ба он равона гардидааст, ки давоми 10-15 соли оянда пеши роҳи ин эпидемияи марговар гирифта шавад. Барои ин зарур аст, ки ҳар чи бештар нафарон аз ин сироят огоҳ бошанд, аз ташхиси фаврӣ гузаранд, шумораи зиёдтари сироятёфтагон табобати зиддиретровирусӣ гиранд ва дар шумораи бештари сироятёфтагон пастшавии сарбории вирусӣ ба мушоҳида расад. Танҳо дар ҳамин ҳолат мо метавонем пеши роҳи паҳншавии ин сироятро гирем», — зикр намуд М.Камолзода.
Дар ҳамоиш зикр гардид, ки дар Тоҷикистон баҳри пешгирӣ ва муқовимат бо ВНМО корҳои хеле зиёд ба сомон расонида шудаанд. Аз ҷумла, 25 феврали соли рвон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020» ва нақшаи тадбиқи он қабул гардид. Аммо баҳри расидан ба барҳамдиҳии ин сироят то соли 2030 ҳоло корҳои хеле зиёд дар пешанд.
Бояд зикр намуд, ки соли 2017 шиори Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди ВНМО аз ҷониби Барномаи муштараки СММ оид ба пешгирии ВНМО «Солимии ман- ҳуқуқи ман» эълон гардидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






