«Сомон Эйр» дар самти Душанбе-Сеул-Душанбе бори нахуст парвоз анҷом дод

Ноябрь 4, 2017 10:34

ДУШАНБЕ, 04.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мутобиқ бо созишномаи роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея, бо мақсади рушду равнақ бахшидан ба ҳамкории мутақобилан судманди дуҷониба миёни давлатҳо дар соҳаи ҳамлу нақли ҳавоӣ ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»     дар самти Душанбе-Сеул-Душанбе бори нахуст парвози техникӣ анҷом дод.

Таре аз маркази матбуоти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»  хабар доданд,  кушодани хатсайри нав на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кореяро муттаҳид мекунад, балки муносибати сайёҳиро байни кишварҳо ба танзим медарорад.

Инчунин зикр шуд, ки 1 ноябр намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар музокироти роҳбарони ширкатҳои сайёҳии машҳури Ҷумҳурии Корея иштирок намуда, оид ба ҳамкории сеҷониба дар соҳаи туризм аз рӯйи самти Душанбе-Сеул Ёддошти тафоҳум ба имзо расонданд.  Дар кори Форуми «Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо дастгирии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» доир шуд, иштирок намуда, инчунин бо намояндагони Вазорати замин, инфрасохтор ва нақлиёти Ҷумҳурии Корея, ҳайати роҳбарикунандаи ширкатҳои ҳавопаймоии «Korean Air» ва «Asiana Airlines» вохӯрӣ гузаронданд. Ҷонибҳо зарурати идома додани музокиротро дар масъалаи кушодани хатсайри мунтазам дар самти Душанбе-Сеул-Душанбе таъкид намуда, масъалаи ба имзо расонидани код-шеринг ва созишномаи интерлайнро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Бояд гуфт, ки дар айни замон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» узви Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ буда, парвозҳоро аз Тоҷикистон ба самтҳои Германия, АМА, Туркия, Чин, Россия ва Қазоқистон тариқи ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иҷро менамояд.

 

 

Ноябрь 4, 2017 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд