СУРОҒАИ ЭЛЕКТРОНИИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ: робитаи мустақими аҳолии пойтахт бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба роҳ монда шудааст

Ноябрь 28, 2017 16:43

ДУШАНБЕ, 28.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  бо мақсади расидан ба ҳадафҳои созанда, фароҳам овардани зиндагии шоиста ва густариши  робитаи мустақим бо аҳолии   пойтахт иқдоми наверо роҳандозӣ намуд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,   зиёда аз як моҳ мешавад, ки сокинони пойтахт имкон доранд  тамоми камбудиву нуқсонҳоеро, ки дар пеши назари  онҳо ба вуқӯъ меоянд ва ё аз мавҷудияти онҳо огоҳ ҳастанд,  тавассути телефони мобилӣ  сурат гирифта ё    навор  бардошта, ҷиҳати сари вақт  бартараф кардани онҳо ба суроғаи электронии Раиси шаҳри Душанбе —  Dushanbe80@yahoo.com ирсол   намоянд. Натиҷаи таҳлилҳо нишон дод, ки  амали  мазкур  робитаи мустақими  байни сокинон ва   мақомоти марбутаро боз ҳам густариш дода,  ҷиҳати  сари вақт  бартараф намудани камбудиву нуқсонҳои ҷойдошта  мусоидат менамояд.

Сокинони пойтахт  минбаъд  низ  метавонанд  чунин  ҳамкориро идома  дода,  дар сатри мавзӯъ маҳалли содиршавиии ҳуқуқвайрокунӣ ё камбудии ҷойдоштаро   гузошта,  сипас навор ё акси гирифтаашонро  тавассути замима ба мавзӯъ  ба  суроғаи мазкур ирсол намоянд.

Инчунин  онҳо  метавонанд тариқи шабакаҳои Viber ё Whats App бо рақами 985 -95-22-22  навор ё акси гирифтаашонро ирсол намоянд.

Тибқи иттилои манбаъ,  махфияти муаллифони навор ва аксҳои ба  суроғаи электронии Раиси шаҳр  ва телефони мазкур ирсолгардида кафолат дода мешавад.

Хотиррасон менамоем, ки дар барномаи иттилотии «Вақт»-и  Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе» низ     бахши «Хабарнигори ҷамъиятӣ» фаъолият дорад.  Сокинони пойтахт  метавонанд тамоми камбудиву нуқсонҳоеро, ки дар пеши назари  онҳо ба вуқӯъ меоянд ва ё вуҷуд доранд,  тавассути телефони мобилӣ ё дигар воситаҳо  навор  бардошта,  тариқи Viber бо телефони 904-05-21-00 ба бахши мазкур ирсол намоянд.

Тавре сармуҳаррири идораи барномаҳои иттилоотии «Телевизиони Душанбе» Парвизи Зубайдулло   зикр кард, «агар рӯзҳои аввали фаъолияти бахши мазкур  ҳафтае ду-се навор аз ҷониби  муаллифон- шоҳидони бевоситаи   акс ё навори   дорои камбудиву нуқсонҳо ворид мегардид,  вақтҳои охир қариб ҳар рӯз мо чунин наворҳоро дастрас  ва пахш менамоем.

Ин иқдом бо мақсади густариши  робитаи мустақим бо сокинон ва тамошобинони «Телевизиони Душанбе»  ва ба ин васила, мусоидат  дар рафъи камбудиву нуқсонҳои ҷойдошта дар пойтахт роҳандозӣ гардидааст. Зеро  тамошобинони зиёде  ба мо мактуб навишта, хоҳиш мекарданд, ки дар ҳалли ин ё он масъалаи хоҷагидории шаҳр ба онҳо кумак расонем. Аз пайи ҳар мактуб рафтану онро пайгирӣ намудан вақти зиёдро талаб намуда,   ташвишҳои дигарро  барои кормандони мо эҷод мекард.  Бахши «Хабарнигори ҷамъиятӣ» ин мушкили моро осон намуд»,- гуфт Парвизи Зубайдулло.

Мавсуф ҳамчунин иброз намуд, ки баъди пахши ҳар аксу  навори ба бахши мазкур воридгардида, масъулин вокуниш нишон дода,  камбудиву нуқсонҳои ҷойдоштаро   ислоҳ менамоянд.

Ҳамчунин сокинони пойтахт  метавонад, ки дар сурати қатъ гардидани қувваи барқ, интиқоли об    ва дар ҳолати садамавӣ қарор  доштани қубурҳои обгузару обпарто (канализатсия)   ба навбатдорони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе   ва ноҳияҳои он тавассути рақамҳои 223-22-14 (шаҳри Душанбе), ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ  2-21-06-43, Сино  2-35-99-92, Шоҳмансур 2-21-07-61 ва Фирдавсӣ  2-33-67-20  ва ба КВД «Обу корези Душанбе»  бо рақами 2-22-20- 18 муроҷиат намоянд.

 Рухсораи НУР,

АМИТ «Ховар»

Ноябрь 28, 2017 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ ва Валентина Матвиенко ба «Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Ю.А. Гагарини шаҳри Душанбе» ташриф оварданд
Шаҳри Душанбе сазовори «Шоҳҷоиза»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ» гардид
Дар шаҳри Душанбе зиёда аз 3 миллион бех лола шинонида мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар Душанбе таъмини 3300 иншоот бо гармӣ дар назар дошта шудааст
Дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиёда аз 214 ҳазор бех дарахтони ороишию сояафкан шинонида мешаванд
Дар шаҳри Душанбе озмуни «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат» баргузор мегардад
ТУ ШАҲРИ ГУЛБАДОМОНӢ, ДУШАНБЕ! Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешавад
Дар Душанбе даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор мегардад
Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Клуби «Волонтёрони экологӣ» таъсис дода шуд
Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ҳалқаи кӯчаи Дӯстии халқҳо пайваст ба кӯчаи Меҳнат муваққатан қатъ мегардад
«ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ!». Озмуни шаҳрии шеър ва суруди беҳтарин оғоз мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор шуд