Имрӯз Пешвои миллат як қатор тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
ДУШАНБЕ, 22.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъул дар дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷӣ ва роҳбарии ҳайатҳои намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор давлатҳои хориҷӣ ва созмону ташкилоти байналмиллалӣ таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинов Исматулло Ҳикматуллоевич муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Ҳамчунин, дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Консулҳои генералӣ дар шаҳрҳои Москва ва Уфаи Федератсияи Россия, Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ва муовини Сардори Департаменти Кумитаи иҷроияи ИДМ (дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус) аз ҳисоби мутахассисони ҷавони соҳибтаҷриба ва донандагони зиёда аз ду забони хориҷӣ таъин гардиданд.
Зимни сӯҳбати ошкорову самимӣ Пешвои миллат ба кадрҳои ба вазифаҳои масъули соҳаи дипломатия таъин гардида барору комёбӣ орзу намуда, таъкид доштанд, ки зимни адои хизмати давлатӣ манфиати давлату миллатро аз ҳар манфиати дигар боло гузошта, барои рушди ҳамкориҳои гуногунсоҳа ва равобити дӯстона миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвари иқомат тамоми донишу таҷриба ва маҳорати кордонии худро истифода намуда, садоқати худро ба Ватан дар амал исбот намоянд.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






