Таъмини волоияти қонун ва таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ аз маърифати ҳуқуқии ҷавонон вобаста мебошад

Ноябрь 3, 2017 17:39

ДУШАНБЕ, 03.11.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо  Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аввалин Форуми ҳуқуқшиносони ҷавон бахшида ба Соли ҷавонон дар доираи Форуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода иброз дошт, ки баргузории  нахустин Форуми ҳуқуқшиносони ҷавон бори дигар собит месозад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу субот пойдор буда, Ҳукумати Тоҷикистон тамоми шароитро ҷиҳати илмомӯзиву сайқал додани дониш барои ҷавонон фароҳам овардааст. Дар партави сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди инкишофи ҷаҳонбинӣ ва ҳидоят намудани ҷавонон ба худшиносиву худогоҳӣ   ба роҳ монда шудааст. Имрӯзҳо  ба масъалаи баланд бардоштани маърифати  сиёсати ҳуқуқӣ ва  иттилоотии ҷавонон чун яке аз самтҳои рушди давлатдории миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Пас аз ба даст  овардани истиқлолияти кишвар  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон аҳамияти хосса зоҳир менамояд. Санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», Стратегияи сиёсати давлати ҷавонон то соли 2020 ва Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои татбиқи амалии сиёсати давлатии ҷавононро фароҳам оварданд. Мақсади асосии татбиқи ин сиёсат низ таъмини шароити ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ барои ҷавонон мебошад.

Ҳамчунин декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Дилшод Сафарбек зикр намуд, ки бештари аҳолии  Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ таъмини волоияти қонун ва таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ аз маърифати ҳуқуқӣ ва сатҳи фарҳанги ҳуқуқии ин қишри ҷомеа вобаста мебошад. Дар ин самт  аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зиёде роҳандозӣ карда шудаанд.

 

Ноябрь 3, 2017 17:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд