ТУЛӮИ ОФТОБИ БАХТИ ТОҶИКОН. Иҷлосияи XVI дар қатори барҷастатарин санадҳои таърихии миллатамон то абад боқӣ мемонад

ДУШАНБЕ, 13.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар бораи Иҷлосияи таърихии XVI—иҷлосияи воқеан сарнавиштсоз бисёр навиштаанд ва боз хоҳанд навишт, зеро воқеан ин зуҳурот дар таърихи тамаддун ва давлатдории тоҷикон, дар тақдири миллати куҳанбунёди мо нақши тақдирсоз гузошт ва дар қатори барҷастатарин санадҳои таърихии миллатамон то абад боқӣ хоҳад монд.
Биёед, руҷӯъе кунем ба он ҳолатҳои хотирмони таърихӣ, ки имрӯз сарнавиштсозашон меномем. Имрӯз ҳар хотира, ҳар амалу рафтор ва гуфтору кирдоре, ки дар он рӯзҳои таърихӣ, дар он Иҷлосияи тақдирсоз ба амал омада буданд, ҳар яке маънои бештар, рамзи бештар, шукӯҳи бештаре пайдо кардаанд ва гумон мекунам, ҳар қадаре мо дуртар аз он рӯзгор шавем, азамату шукӯҳи он мисли кӯҳи бузурге, ки танҳо дар дурӣ бузургияш намоён мешавад, барҷастатар ба чашми мо хоҳад тофт. Дар он парешонӣ, дар он номуайянӣ, дар он муҳити тарсбору ҳаяҷонангез, хатарноку шигифтовар, ки тақдири як халқ, пешомади як кишвар, як миллати соҳибтамаддун ҳал мешуд, на ҳама ба моҳияти он замон, қимат ва арзиши ҳар дақиқа, ҳар амалу рафтору гуфтор мерасиданд. Имрӯз мо аз канор истода, он манзараҳоро барҷаставу хуҷаста мебинему дар мизони андешаҳоямон бар мекашем ва баҳогузорӣ мекунем.
Як ҷавонмарде хушсимо бо либоси рӯшан, бо чеҳраи рӯшан, бо андешаҳои рӯшан ва ҳадафи рӯшан аз ҷо боло шуду бо ҳаяҷон ва изтироб, бо эътимоду бовар сухан ронд ва арзи дилу армон намуд. Акнун, имрӯз ҳар нигоҳ, ҳар ҳаракат, ҳар суханаш рамзу маънову тобишҳои муҷалло пайдо кардаанд. Воқеан, ба гумони банда, ин коре буд, ки бо дасти тақдир, бо дасти Худованд ба амал бароварда шуд. Дасти нонамое, ки аз он боло ба сӯи миллати мо дароз шуду ин амалро ба ҷо овард, гумон мекунам, дасти наҷоти миллати мо, дасти Худои муттаол буд.
Он вақт яке аз вакилони мардумӣ рисолат ва ваколати мардумии худро дар қаъри дил ва мағзи ҷон эҳсос карду аз ҷо бархост. Вақте ки ӯ бархост, ин нур, ин рӯшноие, ки дар ӯ буду бо ӯ бархост, ҷаласаро рӯшноӣ ва умед бахшид. Саҳнаи Иҷлосия мисли майдоне буд, ки на ҳар кас ҷуръат дошт ба он ворид шаваду ҳама масъулиятҳои хатарнокро бар уҳда бигирад. Майдон ё балки корзоре буд, ки чашми дӯсту душман ба он нигарон буд. Майдоне, ки аз чор сӯ таҳдиди хавфу хатар дошт. Аммо ӯ дар партави масъулияти ватандорӣ ҷонро сипар намуда, бо ҳама ҷасорат боло шуд.
Он саҳнаҳоро ҳама борҳо дидаанду хуб медонанд, дақиқа ба дақиқа сабт шуда, навишта гардида, дар таърих мондаанд ва ҳозир банда ҳоҷати такрори онҳоро намебинам, ҳарчанд онҳо бояд пайваста зикр шаванд, дар ёдҳо мунаввар гарданд, моро ибрат нишон бидиҳанд, зеро сабақҳои зиёде доранд- аз худшиносии миллӣ то садоқат ба ватан, дарки масъулияти баланди инсониву миллӣ, дарси далериву шуҷоат ва ҷоннисорӣ, гузаштан аз худ ба манфиати ҷомеа ва Ватан.
Мисли ин ки Қасри Арбоб чун кафи дастони Додор буду ӯ рӯи ин каф. Қомати Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни Иҷлосия қомате буд муҷалло бархоста аз амвоҷи қурун, аз оғӯши таърихи мубҳаму торик, ки аз он зулматсаро дурахшон бурун омад, то ба мо рӯшноӣ орад. Мисли ин ки ҳама равшаниҳои дилҳо, ҳама равшаниҳои чашмони мардуми умедвори мо аз тӯли таърих ба ҳам омадаву дар ӯ ҷилвагар шуданд. Мисли ин ки бо ӯ ҳама қаҳрамонони гузаштаи миллати мо бархостанд: Испитамони ватанхоҳ, Шераки далер, Деваштичи шуҷоъ, Сарбадорони ҷоннисор, Абӯмуслиму Муқаннаъу Темурмалик ва Восеъи диловар- ҳама бо ӯ бархостанд, яъне рӯҳашон бо ӯ буд, то дар ин лаҳзаи тақдирсоз миллати ҷабрдидаи худро аз коми нестӣ, аз хатари маҳв шудан раҳоӣ бахшанд.
Бархостани Эмомалӣ Раҳмон дар саҳнаи Иҷлосия бархостан аз сиришти халқи соҳибхирад, аммо ҷабрдидаи тоҷик, бархостан аз сари нангу имон, бархестан аз ҷабр, аз асорат, аз зулму зиллат, аз таассуб, аз ғафлат… буд. Зеро бо қади болои ӯ армони ҳазоронсолаи миллату меҳани мо бархоста буд.
Вақте ки ӯ савганд ба забон меовард, дар садои ироаи ин савганд изтиробу ҳаяҷону эҳсоси баланди ватандӯстонаи мардуми мо шунида мешуд. Дар раги ҳар вожаву ҳар ҳарф хуни гарми миллати мо набз дошт, вожа дил буд, вожа ҷон буд, вожа виҷдон буд.
Вақте ки ӯ савганд ба забон меовард, суханҳои ироашуда тамоми бори гарони дирӯзу имрӯзу фардои кишварро ба дӯши ӯ мегузоштанд. Бори тақдири як миллати куҳанбунёд, бори қисмати як халқи хирадпешаву соҳибтамаддун ва ҷабрдидаи таърихро.
Савганде, ки дар радифи дуои неки пирон аст. Савганде, ки бо дарки масъулият дар назди нону намаки халқ аст. Савганди рӯида аз файзи обу хоки муқаддаси Ватан.
Номи Худо ба ин савганд ҷилои қудсӣ дод. Шири модар ба ин савганд сафедӣ бахшид. Дуои пирон болу пари ин савганд гардид. Нону намаки халқ неруи бегазанди он шуд. Обу хоки Ватан ин савгандро муқаддас гардонид.
Ин савганди ҷасорати по ниҳодан ба майдони ҷоннисориҳо буд. Ин савганди бо шуҷоат ва бо бовар ба худ ва ба дигарон бар дӯш бардоштани гаронтарин бор, бори тақдири миллату меҳан буд. Ин савганди тақозои гузаштан аз худ, аз ҷони худ, фидо кардани ҳастии худ барои Тоҷикистон буд.
Ҳама ҳаракат ва рафтор ва гуфтори ӯ ба маврид ва дар ҷои худ буд. Аввалин гомҳои худро Сарвари наву ҷавон ба сӯи Парчами миллӣ гузошт. Аввал аз домани Парчам, яъне нангу номуси ватандорӣ гирифт. Парчаме, ки он рӯз бо ҷилои дигар, бо шаҳомати дигар, бо расолати дигар парафшон шуд. Аввалин ҳаракат ва амали Сарвари ҷавон бӯсидани ин Парчами муқаддас ва ба чашм молидани он буд, яъне гузоштани арҷи баланд ба муқаддастарин муқаддасоти аввалини миллӣ, бӯсидан ва ба чашм молидани Парчаме, ки дар таърихи миллати наҷиби мо чун Дирафши ковиёнӣ шӯҳрату эътибори оламгир пайдо кардааст. Дирафше, ки Ҳаким Фирдавсии бузургвор дар “Шоҳнома”-и безаволаш чун рамзи муқаддаси давлатдорӣ, рамзи садоқат ба Ватан ва чун рамзи ҷоннисориҳо бо сад тобиши шоирона тасвири мондагор намудааст.
Сипас, вожаҳое, ки чун озарахши тобон дар самои толори Қасри Арбоб, балки дар самои кишвар, дар самои ҷаҳон нурафшон шуданду ҳама дилҳо, ҳама ҷонҳо, ҳама гӯшаҳои торики вуҷуд ва зиндагии моро равшан сохтанд:
—Ман ба шумо сулҳ меорам!
Равшании ин садо гувоҳ буд, ки он аз сириште офтобӣ, аз диле лабрези ишқи Ватан, аз ҷисме бархоста аз сари нангу номус бурун омадааст.
Мисли ин ки ин садо аз тани захмини мардум, аз сари сангини онҳо, аз дарду армонҳои ҳазорсолаи як миллат баромада бошад.
Мисли ин ки садо бар алайҳи ҷабру зулму ноадолатиҳои тақдир, бар муқобили кинаву найрангу фиребу хусуматҳо баланд гардид.
Вақте ки бо ин суханҳо ӯ аз ҷо бархост, аз паси ӯ, ҳамроҳу ҳампои ӯ Суғду Хатлон, Зарафшону Бадахшон, Ҳисору Раштон.., яъне тамоми Тоҷикистон бархоста буд.
Озарахши ин нидо, ки озарахши умеду бовар буд, чароғи фурӯзони дилҳои мардум дар раҳи эҳёи тозаи кишвар, дар раҳи сулҳу осоиш, дар раҳи Ваҳдати миллӣ гардид.
Файзу рӯшноии ин нидо буд, ки ба мардуми мо бовар дод, неруи ватандӯстона дод, то тамоми муҳоҷирон бар Ватан бозгарданд, то гурӯҳҳои мухолифин ба рӯзи имзои Созишномаи сулҳ расанд, то вайронаҳо обод шаванд, хусуматҳо аз дил берун раванд ва миллати сарбаланди тоҷик ба роҳи асолати таърихии худ бозгардад ва таҳти сарварии Пешвои муаззами худ дар арсаҳои ҷаҳонӣ пирӯзу сарафроз, соҳиби номи неку нуфузу обрӯи оламшумул гардад.
—Ман ба шумо сулҳ меорам!
Худованди меҳрубон ин умеди некро, ки чун дуо, чун савганд, чун наҷибтарин умеду армони миллати некӯсиришти мо аз забони фарзанди наҷиби ӯ садо дод, қабул кард, фариштаҳои даргузар омин карданд ва ин нидо чун мурғи Ҳумо бар сари китфони Сарвари кишвари мо нишаст ва мисли мурғи Самандар дар торами Қасри миллат ҳамешагӣ лона гузошт ва бо Парчами баланди миллии мо парафшон гардид.
Имрӯз ҳам Пешвои миллати мо аз сари қуллаҳои баланд Боми ҷаҳон, аз сари минбарҳои баланди сиёсии олам ҳамеша пайку паёми сулҳ меорад ва нидои пур аз масъулият ва хайрхоҳонаи ӯ ҳанӯз ҳам дар замину замон танинандоз аст:
—Ман ба шумо сулҳ меорам!
Ва мо мебинем, ки имрӯз ҳам паёми сулҳу дӯстии Пешвои миллати мо дар ҳолаи накҳати обҳои тозаи Тоҷикистон, бо ҳама шаффофии ташнагишикани обҳои зулол, рӯдҳову чашмасори шодоби кишварамон, бо лафзи биҳиштии тоҷикии ӯ, бо ниҳоди ҳамшабеҳи обшори поки кишвараш ба дилҳо ва ҷонҳои ташнаи мардуми олам мерезад, сафои сулҳу дӯстӣ ва бародариву хайрхоҳӣ меорад.
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ,
ходими адабии АМИТ “Ховар”