35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 07.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Мурғоб раванди созандагию бунёдкорӣ вусъати тоза касб намуда, дар доираи нақшаи чорабиниҳо бунёду навсозии 111 иншооти таъйиноти иқтисодию иҷтимоӣ ба нақша гирифта шудааст.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд, то имрӯз аз шумораи умумии иншооти нақшавӣ 100 адад мавриди истифода қарор гирифтааст. Коргоҳу корхона ва муассисаҳои сохташуда бахшҳои гуногун, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, хизматрасонӣ, савдо ва дигар соҳаҳоро дар бар мегиранд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо назардошти афзоиши талаботи аҳолӣ ва рушди минбаъдаи ноҳия берун аз нақшаи тасдиқгардида боз сохтмони 40 иншооти иловагӣ ба нақша гирифта шудааст, ки марҳила ба марҳила амалӣ мегардад.
Дар айни замон дар ноҳия сохтмони 4 муассисаи томактабӣ идома дошта, тибқи нақша то таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешаванд.
Бунёди чунин муассисаҳо барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи кӯдакон ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ аҳамияти муҳим дорад.
Чунин тадбирҳои созандагӣ дар доираи сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат амалӣ гардида, ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон ва рушди устувори минтақа мусоидат менамоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






