ВКД ХАБАР МЕДИҲАД…
ДУШАНБЕ, 8.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза аз ҳолатҳои нохуши садамаҳои нақлиётӣ, дуздию қаллобӣ, ба ҳалокат расидани шаҳрвандон бар асари беэҳтиётӣ ва қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ ба саломатӣ хабарҳо нашр мекунад. Ба манзури хавфи иҷтимоии ин ҳолатҳо, ҳушдори одамон ҷиҳати ҳушёрию зиракӣ ва пешгирии ҳодисаҳои нохуш мо чанде аз ин хабарҳоро бознашр мекунем.
Зани қаблан судшуда боз даст ба ҷиноят зад
Ба мақомоти корҳои дохилӣ зани 35-солаи сокини ноҳияи Сино муроҷиат кардааст, ки 31 октябри соли равон, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонааш шуда, аз он ҷо 1 адад компютери тамғаи «LG» ва 8000 сомонӣ, ҷамъ ба маблағи умумии 15000 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Кормандони милитсия зани 25-солаи сокини шаҳри Кӯлобро, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд. Оид ба ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.
Муайян гардидани далелҳои қаллобӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе бо ариза муроҷиат намудааст, ки 10 октябри соли ҷорӣ, марди 26-солаи сокини шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1 адад мошини тамғаи «Chevrolet Lacetti»-ро, ки арзишаш 61000 сомониро ташкил медиҳад, гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст. Ҳамин тариқ, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино шаҳрвандон: мардони 24, 25, 37-солаи сокинони шаҳри Душанбе ва марди 40-солаи сокини шаҳри Ваҳдат муроҷиат намудаанд, ки моҳҳои феврал, март, апрел, май ва июни соли равон марди 31-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариашон даромада, аз онҳо 12 ҳазору 700 доллари амрикоӣ гирифта, маблағашонро то ҳол барнагардонидааст. Гумонбаршудагон аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардиданд.
Рабудани мошин аз назди хона
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур марди 25-солаи сокини кӯчаи Чармгарони шаҳри Кӯлоб муроҷиат намудааст, ки 4 ноябри соли 2017, шахсони номаълум мошини шахсиаш- тамғаи «Опел-Астра»-ро, ки дар кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе беназорат меистод, ғайриқонунӣ рабудаанд.
Ҳангоми гузаронидани тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 40-солаи сокини кӯчаи Нонвойи поёни шаҳри Кӯлобро бо гумони ғайриқонунӣ ронда, бурдани воситаи нақлиёт дастгир намуда, далели шайъӣ гирифтанд.
Нисбат ба ин ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.
Ошкор гардидани ҳолатҳои дуздӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Файзобод роҳбарияти ҶДММ «Ганҷи Ҳилол» муроҷиат намудааст, ки шаби 5 ноябри соли ҷорӣ, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди ҶДММ «Ганҷи Ҳилол» шуда, аз он ҷо 1 адад насоси обпарто, 1 адад муҳаррики 17-квта, 1 адад муҳаррики 22-квта ва асбобҳои таъмиркуниро ба маблағи 9810 сомонӣ дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 48-солаи сокини шаҳри Ваҳдатро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд.
Зимни тафтиш муайян карда шуд, ки номбурда 26 октябри соли равон бо роҳи пинҳонӣ вориди ҶДММ «Ганҷи Ҳилол» шуда, аз он ҷо 1 адад насоси 55-квтаро, ки арзишаш 15000 сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.








Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






