«Зебоӣ — наҷотбахши ҳаёт». Намоиши 50 асари донишҷӯён дар Осорхонаи Хатлон

Ноябрь 18, 2017 10:52

ҚӮРҒОНТЕППА, 18.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Зиёда  аз  50  адад офаридаҳои  омӯзгорон   ва  донишҷӯёни  Донишкадаи  давлатии  санъати  тасвирӣ  ва  дизайни  Тоҷикистон дар  Осорхонаи  вилоятии  шаҳри  Қӯрғонтеппа  ба намоиш гузошта шудаанд. Ин намоиши корҳои эҷодӣ таҳти унвони  «Зебоӣ — наҷотбахши  ҳаёт»  то  19 ноябри соли равон идома  меёбад. Тавре  дар  маросими  кушодашавӣ зикр  гардид,  намоиши  мазкур  ба  25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва  Соли ҷавонон  бахшида шудааст.

Ҳамарӯза аз ин намоишгоҳ нафарони зиёд дидан менамоянд. Аз ҷумла, муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода бо як гурӯҳ кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят зимни тамошо ба ин офаридаҳо баҳои баланд доданд.

Дар  намоишгоҳ ҳамчунин тамсилаҳои либос, ки  аз  ҷониби  донишҷӯёни ихтисоси  “Дизайни костюм” тарҳрезӣ  ва  дӯхта  шудаанд, мавриди тамошо қарор доранд.

 

Ноябрь 18, 2017 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд