100 нафар ҷавонони фаъолу ташаббускор, аз ҷумла хабарнигори АМИТ «Ховар» низ соҳиби ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш гардиданд
ДУШАНБЕ, 27.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар «Кохи Наврӯз»-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи баргузории Фестивал- форуми ҷумҳуриявии ҷавонон, ки аз 26 то 30 декабри соли равон идома меёбад, маросими ҷоизасупорӣ ба беҳтарин ҷавонон ва варзишгарони кишвар дар соли 2017 баргузор гардид.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода иброз дошт, ки соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон барои ҳамаи ҷавонону варзишгарон ва тамоми соҳаҳои кишвар соли пурфайзу бобарор ва соли муваффақиятҳо буд. Дар ин сол ҷавонони тоҷик ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ ба 100 нафар ҷавонони фаъолу ташаббускори қишрҳои гуногуни ҷомеа туҳфаҳои хотиравӣ ва сипоснома тақдим карда шуд, ки дар миёни онҳо чеҳраҳои шинохтаи варзиши кишвар, олимон, ихтироъкорони ҷавон, кормандони ҷавони вазорату идораҳо ва ғолибони олимпиадаҳои ҷаҳонӣ аз рӯи фанҳои дақиқ ширкат доштанд.
Аз ҷумла, хабарнигори АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон дар соҳаи рӯзноманигорӣ беҳтарин дониста шуда, соҳиби ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.
Бояд гуфт, ки дар маросими ҷоизасупорӣ 10 нафар ҷавонони муваффақ сазовори унвони гирандаи стипендияи Кумита, 12 нафар гирандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ, 30 нафар дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ ва барномасозӣ, озмуни мақолаи беҳтарин дар мавзӯи «Ваҳдат ва ҷавонон», озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ» ва 51 нафар ҷавонони дигар дар соҳаҳои гуногун сазовори диплом, ифтихорнома ва туҳфаҳои моливу пулии Кумита гардиданд.
Ба иттилои Аҳтам Абдуллозода, соли равон Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти тадбиқи сиёсати давлатии кор бо ҷавонон 17 ҳазор барномаҳоро бо иштироки зиёда аз 5 миллион нафар наврасону ҷавонон доир намуд.


















Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






