15 декабр-Рӯзи байналмилалии чой. Истеъмоли дурусти ин нӯшокӣ эҳтимолияти сактаи дилро 20% паст мекунад

Декабрь 15, 2017 13:44

ДУШАНБЕ, 15.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 15 декабр дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии чой ҷашн гирифта мешавад.

Чой таърихи куҳан дошта, 2700 сол пеш аз мелод дар дастнависҳои қадимии чинӣ дар бораи чой маълумот зикр шудаанд ва аз ҳамин сабаб, олимон макони аслии чойро Чин меҳисобанд. Ба гуфтаи мутахассисон, дар бораи он ки ватани аслии чой Чин аст, ҳамаи муаррихон ҳамфикр буда, кай шурӯъ шудани истеъмоли он маълум нест.

Баъзеҳо кашфи чойро ба императори Чини Ҷанубӣ Чен Нунгу (2737-2697 том.) нисбат медиҳанд. Дар Аврупо чой соли 1600 ба туфайли ширкати британиягии «Ост-Ҳинд» пайдо шудааст.

Дар солҳои аввали пайдоиш чой ҳамчун дору истифода бурда мешуд. Дертар бо фаҳмидани хислатҳои ғизонокӣ истеъмоли он зиёд шуд.

Дар садсолаи охир баъди он ки мутахассисон ба таври илмӣ ба саломатӣ фоида доштани чойро тасдиқ карданд, талабот ба он боз ҳам зиёдтар гардид.

Дар солҳои охир олимон боз як хусусияти мусбати чойро муайян карда, иброз доштаанд, ки нӯшидани 3 пиёлаи он дар як рӯз 20% эҳтимолияти паст кардани сактаи дилро дошта, ҳамзамон он инсонро аз нурҳои ултрабунафш муҳофизат мекунад.

Инчунин нӯшидани чой дар мубориза бо таҷоҳум (стресс) ёрӣ расонида, рагҳоро васеъ ва аз бемориҳои дилу раг пешгирӣ мекунад. Истеъмоли аз ҳад зиёди он барои занҳои ҳомиладор хатарнок мебошад.

Ба иттилои сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Сафаров, солҳои 1934- 1935 дар замони Шӯравӣ зироати субтропикӣ ва тропикӣ барои кишт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуданд. Натиҷаи таҳқиқот муайян кард, ки ба ғайр аз лимӯ ва апелсин дигар зироат ба иқлими Тоҷикистон мутобиқ нестанд.

«Хусусан барои кишти растании чой иқлими Тоҷикистон мутобиқ нест, зеро чой намнокии зиёд талаб менамояд ва иқлими Тоҷикистон ба он мувофиқ нест»,- гуфт Шералӣ Сафаров.

Ҳамчунин корманди Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Ашуров ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки то ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чой истеҳсол карда намешавад. Он ҳамчун маҳсулоти хӯрокворӣ аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид шуда, дар баъзе ҳолатҳо бастабандӣ карда мешавад.

«Чойи хушк асосан аз Чин, Ветнам, Ҳиндустон ва Индонезия ворид карда мешавад. Соли равон дар озмоишгоҳи Агентии «Тоҷикстандарт» дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳо ба миқдори 67,2 тонна чойи хушк аз рӯи сифат ва тамғагузорӣ ғайристандартӣ дониста шуда, аз фурӯш боз дошта шудааст. Қисми зиёди чойе, ки ғайристандартӣ дониста шудааст, аз Ҷумҳурии исломии Эрон ворид шуда, дар таркиби он хокаи чой бештар муайян шудааст»,- гуфт Мурод Ашуров.

Ба иттилои номбурда, имрӯз ба чойҳои истеҳсоли Ҳиндустон, Индонезия ва Чин таваҷҷуҳ бештар буда, воридот аз ин кишварҳо зиёдтар аст.

Чой нӯшокии аз ҳама зиёд истеъмолшаванда дар ҷаҳон буда, аксаран 2 намуди он: чойи сиёҳ ва кабуд бештар маъмуланд.
Ин ду намуди чой аз як растанӣ тайёр шуда, танҳо аз рӯйи муҳлати коркард фарқ мекунанд.

Тибқи маълумоти мутахассисон, чойи кабудро на зиёда аз ду рӯз ва чойи сиёҳро аз ду ҳафта то як моҳ коркард мекунанд. Дар давоми коркард чой тираранг мешавад ва накҳати хоси худро пайдо мекунад. Чойи кабуд ва сиёҳи босифат ба муолиҷаи касалиҳои дилу рагҳо, системаи асаб, меъдаву рӯда, дандон ва милк, мубодилаи моддаҳо дар бадан, саратон, касалиҳои чашм ва касалии қанд мусоидат мекунанд. Таркиби чойи сиёҳ аз танин, кофеин, сафедаҳо ва аминокислотаҳо, фосфор, фтор, калий, карбогидратҳо, пектин ва витаминҳои гуногун бой мебошад.

Холиса АСОМИДДИНОВА,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 15, 2017 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Конибодом ба хонандагон либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Дар Душанбе дар мавзуи «Навсозии Чин» конференсия баргузор гардид
Истиқлоли давлатӣ омили калидии сиёсати муваффақи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аст
МегаФон Тоҷикистон бурди миллион сомонӣ ва туҳфаҳои дигари олиҷанобро доир менамояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид