28 декабр-Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ. Дар Паёми Президенти Тоҷикистон омилҳои ба амнияту субот хатардошта воқеъбинона баён шудаанд

Декабрь 28, 2017 08:30

ДУШАНБЕ, 28.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Мусаллам аст, ки фароҳам овардани фазои ҳуқуқӣ дар ҷомеа вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Барои амалӣ намудани ин ҳадаф, пеш аз ҳама, ҳифзи амният ва тартиботи ҳуқуқӣ зарур аст. Зеро амният ва субот заминаи асосии рушди давлат ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки ҳоло таъмини амният дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сархати масъалаҳои мубрами рӯз қарор дорад», — иқтибос аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2017).

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 28 декабр ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Аҳли ҷомеа ва  сокинони мамлакат оид ба фаъолияти кормандони мақомоти амнияти мамлакат маълумоти хеле кам доранд, зиёда аз ин, чунин ҳолат амри воқеӣ ва зарурӣ дониста шуда, ба махфӣ будани фаъолияти мақомоти амниятӣ рабт дода мешавад. Бо вуҷуди ҳамин, ягон сир ошкор намешавад, агар гуфта шавад, ки фаъолияти кормандони КДАМ ҶТ баҳри таъмини амнияти шаҳрванд, ҷамъият ва давлат равона шудааст. Яъне бо таъмин кардани амнияти шаҳрванд ва ҷамъият амнияти амалии давлати миллӣ нигоҳ дошта мешавад.

Ҳарчанд заминаҳои бунёдии мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон дар солҳои шӯравӣ гузошта шуда бошанд ҳам, мақомоти амниятии мамлакат баъд аз расидан ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳаввулоти бузурги сохторӣ ва тағйироти азими ғоявӣ-сиёсиро аз сар гузарониданд. Дар асоси ҳидоятҳо ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони мақомоти амниятии мамлакат давоми 26 соли Истиқлолияти давлатӣ баҳри пойдор нигоҳ доштани давлати ҷавони Тоҷикистон, барқарор кардани сулҳу субот, таъмини амнияту осоиштагии сокинони кишвар роҳеро тай карданд, ки аз нигоҳи таърих хизмати садсолаҳо ва пайванди асрҳоро дар пай дорад. Шуҷоат ва қаҳрамониҳое, ки кормандони мақомоти амнияти мамлакат дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон анҷом додаанд, то ҳоло зери муҳри махфӣ нигоҳ дошта мешаванд, вале Ватан ва миллат ҳеҷ гоҳ он қаҳрамонҳоро фаромӯш намекунанд. Зеро кормандони мақомоти амнияти Тоҷикистон дар садҳо амалиёти махсусу душвор барои барҳам додани гурӯҳҳои мухталифи сар то ба по мусаллаҳи ғайриқонунӣ, озод кардани гаравгонҳо, барқарор намудани сулҳу субот дар ҳудуди мамлакат бевосита иштирок кардаанд. Дар ин амалиёт кормандони мақомоти амният ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, касбияти олӣ, садоқат ба касби интихобкарда нишон додаанд, дар ҳалли таъхирнопазири мушкилоти сиёсӣ-ҳарбӣ тадбирҳои оқилона пайдо карда, ҳеҷ гоҳ аз мавқеи интихобкардаи худ даст накашидаанд ва дар ҳама ҳолатҳои фавқулода манфиати давлату миллати хешро дар мадди аввал гузоштаанд. Кормандони мақомоти амнияти Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ба савганди ҳарбӣ ва қарзи хизматии худ дар назди Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, роҳбарияти олии Тоҷикистон хиёнат накардаанд.

Давоми 26 соли гузашта Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти боэътимод бо қатъият, дониш, таҷриба, поквиҷдонӣ, мушфиқ ва самимӣ будан сазовори обрӯву эътибори баланд дар миёни ҷомеа шудааст. Аз ҷониби Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол дар арафаи иди касбӣ қадршиносӣ шудани теъдоди зиёди  афсарону аскарони мақомоти КДАМ ҶТ далели ин гуфтаҳост.

Кормандони мақомоти амнияти мамлакат дар баробари қатъият нишон додан ба муқобили террористон, муборизаи хастанашаванда бурдан бар зидди унсурҳои мухталифи ҷиноятпеша, ҳамчунин худро мисли як инсони муқаррарӣ, хоксор, мушфиқу ғамхор нишон додаанд. Дар ҳар маҳал, маҳфил ва маконе, ки кормандони мақомоти амният қарор доранд, он ҷо фазои некӣ, самимият, хушбинӣ ба ояндаи нек ва дӯст доштани ҳаёт ҳувайдо мешавад.

Мавриди зикр аст, ки ҳоло на танҳо мақомоти амниятии Тоҷикистон, балки тамоми сохторҳои мавҷудаи амниятии кишварҳои хурду бузурги ҷаҳон самти асосии фаъолияти худро ба муборизаи қатъӣ ва устуворона ба муқобили вабои асри нав – терроризм равона кардаанд. Дар ин маврид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон терроризмро ҳамчун омили асосии ба амнияту суботи ҳамаи кишварҳои ҷаҳон хатардошта воқеъбинона нишон дода, таъкид намуданд, ки террорист «худӣ» ва «бегона» шуда наметавонад: «Дар соле, ки сипарӣ шуда истодааст, мо шоҳиди содир шудани амалҳои мудҳиши террористӣ дар Осиёву Африқо ва Аврупову Амрико гардидем ва қариб рӯзе нест, ки сокинони ин ё он гӯшаи ҷаҳон қурбони ҷиноятҳои террористӣ нагарданд. Бо вуҷуди чунин вазъ, дар арсаи байналмилалӣ то ҳол таърифи ягонаи мафҳумҳои «терроризм» ва «террорист» вуҷуд надорад, ки ин ҳолат ба истифодаи меъёрҳои дугона ва духӯрагиву гуногунфаҳмиҳо мусоидат карда истодааст.

Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад».

Ба ибораи дигар, Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самти муҳими фаъолияти касбии кормандони мақомоти амниятии мамлакатро барои ояндаи наздик нишон доданд: «Хатарҳои замони муосир, вазъият дар Ховари Миёна, бахусус, вазъи Афғонистони ҳамсоя моро водор месозанд, ки ба масъалаи таъмини амният диққати аввалиндараҷа диҳем.

Бахусус дар қаламрави Афғонистон пайдо шудани террористони ба ном «Давлати исломӣ», ки баъзе шаҳрвандони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ ба он шомиланд, вазъро боз ҳам ноором намуда, боиси ташвиши давлатҳои ҳамсоя гардидааст. Тоҷикистон, ки бо Афғонистон сарҳади тӯлонӣ дорад, ба ин масъала бетафовут буда наметавонад. Вазъи имрӯзаи сарҳад бо Афғонистон низ моро водор менамояд, ки ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем».

Президенти Тоҷикистон дар баробари нишони додани омили асосии барҳамзанандаи суботи ҷомеа ҳамчунин сарчашмаи молиявии ин зуҳроти номатлубро ошкор карда, ба муқобили он андешидани тадбирҳои иловагиро амри зарурӣ хонданд: «Мушкилоти дигари бо вазъи Афғонистон алоқаманд муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад. Ба ҳама маълум аст, ки муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризми байналмилалӣ ва нооромиҳо дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Тибқи маълумоти расмии Созмони Милали Муттаҳид, имсол майдони кишти ин зироат 63 фоиз зиёд шуда, то ба 328 ҳазор гектар расидааст ва дар назар аст, ки истеҳсоли маводи мухаддир нуҳ ҳазор тоннаро дар муодили афюн ташкил хоҳад кард ва кӯшиши интиқоли қисми муайяни ин мавод тавассути кишвари мо низ сурат хоҳад гирифт».

Боиси ифтихор аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба хизматчиёни ҳарбии мамлакат эътимоди баланд доштани Давлат ва Ҳукуматро таъкид намуда, зикр карданд, ки «дар шароити мураккабу печидаи ҷаҳони муосир хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки барои ҳимояи марзу буми давлати соҳибистиқлоламон, ҳифзи суботи сиёсӣ ва қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ доим омода бошанд. Мо ба фарзандони ҷасуру далери халқамон – ҳомиёни Ватани маҳбубамон эътимоди комил дорем ва бо онҳо ифтихор мекунем».

Тавре зикр гардид, кормандони мақомоти амнияти Тоҷикистон —   «сарбозони ҷабҳаи ноаён» аз рӯи талаботи касбӣ фаъолияти худро ошкор ва таблиғ намекунанд, вале мусаллам аст, ки онҳо барои ҳимояи манфиатҳои  давлатию миллӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, қонунияту тартибот, адолати иҷтимоӣ, суботи ҷомеа ва тинҷию амонии  хонадони ҳар кадоми мо дар хизмати шабонарӯзӣ қарор доранд.

Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

 

P.S. АМИТ «Ховар» тамоми кормандони мақомоти амнияти миллии Тоҷикистонро бо иди касбиашон самимона табрик гуфта, ба онҳо дар шароите, ки вазъи дунё ором нест, терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ ба амнияти кишварҳо ва халқҳои том торафт бештар таҳдид менамоянд,  дар иҷрои  рисолати касбиашон муваффақият ва пирӯзиҳо таманно мекунад.

 

Декабрь 28, 2017 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод дар мавзуи хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҳамоиши ҷавонон доир шуд
Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» ҷамъбаст гардид
Вобаста ба мавзуи ҳифзи сирри давлатӣ дар воситаҳои ахбори омма машварати омӯзишӣ доир шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфи соҳиби ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Брюссел дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон муаррифӣ шуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба аъзои беҳтарини Лигаи ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол доир гардид
Ҳунармандони Беларус ба сокинони шаҳри Ҳисор барномаи фарҳангӣ пешниҳод намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон масоили мубориза бо экстремизм ва терроризм баррасӣ шуд
Барои хизматчиёни давлатӣ машғулияти такмили ихтисос гузаронида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 20 дараҷа гарм мешавад
Дар Хуҷанд вобаста ба масъалаҳои мубрами маърифати ҳуқуқӣ дар шароити муосир конференсия баргузор гардид