ҲАЁТ БИДУНИ ХУШУНАТ ЗЕБОСТ. Бар зидди зӯроварӣ дар оила муборизаи дастаҷамъона бояд бурд!

Декабрь 7, 2017 15:36

ДУШАНБЕ, 07.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Зӯроварӣ дар оила мушкилии дар тамоми ҷаҳон паҳнгардида буда, барои ҷабрдидагон аз ҷиҳати ҷисмонӣ, эҳсосотӣ-рӯҳӣ, молиявӣ ва иҷтимоӣ оқибатҳои ҷиддӣ дошта, на танҳо ба оила, балки  ба тамоми ҷомеа низ таъсиргузор мебошад.  Зӯроварӣ дар оила зуҳуроти хатарноки ҷамъиятӣ мебошад,  чунки он дар навбати аввал ҳуқуқи конститутсионӣ ва озодиҳои занон, кӯдакон ва шахсони солхӯрдаро поймол менамояд.

Баҳри пешгирии ин ҳолат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 марти соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» қабул гардид.

«Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии зӯроварӣ дар хонаводаҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» корҳои зиёдеро ба сомон мерасонад»,-зикр намуд дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» мудири бахши иттилоотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сабоҳат Маҳмадалиева.

Ҳамчунин ҳамсуҳбати мо иброз дошт, ки масъалаи бисёр муҳиме, ки ҳоло мавриди таҳлилу баррасии аҳли ҷомеа қарор дорад, масъалаи хушунати хонаводагӣ мебошад. «Имрӯзҳо ба Кумита бисёр занҳо бо мушкилиҳои гуногун муроҷиат мекунанд. Аз тарафи равоншиносону ҳуқуқшиносони Кумита  ба онҳо маслиҳатҳои муфид дода, барои омода намудани ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ кумак расонида мешавад», -афзуд Сабоҳат Маҳмадалиева.

Ба андешаи С.Маҳмадалиева, дар 9 моҳи соли равон ба марказҳои машваратию иттилоотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 1 ҳазору 489 нафар  оид ба зӯроварӣ дар оила муроҷиат кардаанд.

Оила, ки асоси ҷамъият аст, таҳти ҳифзи махсуси қонун ва давлат қарор дорад. Зӯроварӣ дар оила ҳамчун зуҳуроти номатлуб барои шахсият, ҷамъият ва давлат хавфнок мебошад. Ҳамчунин зӯроварӣ тавассути расонидани таъсири равонӣ ба ҳар як узви оила метавонад аз доираи он берун баромада, барои содир намудани дигар қонуншиканиҳо, аз ҷумла, ҷиноятҳои махсусан вазнин мусоидат намояд.

Бо мақсади пешгирии зўроварӣ дар оила кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, ки бевосита бо аҳолӣ кор мебаранд, аз ҷумла, нозирони минтақавии милитсия, дар ошкорсозӣ ва пешгирии мавридҳои зӯроварӣ дар оила дар минтақаҳои хизматрасонии худ ва ҳамчунон ҳимоя ва дастрасии ҷабрдидагон ба адолати судӣ нақши муҳим мебозанд.

Нозири калони Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Баҳром Бердиев баёндошт, ки «бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти корӣ дар ин самт ва ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба расонидани зарари ҷисмонӣ нисбат ба шаҳрвандон, ҳодисаҳои зӯроварӣ, лату кӯб ва пешгирии онҳо бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 воҳиди кори нозирон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ «Доир ба мубориза бар зидди зўроварӣ дар оила» таъсис дода шуда, вазифаи роҳбарии онҳо бар дӯши занон вогузор карда шудааст».

Ба иттилои ҳамсуҳбат, аз ҷониби нозирон доир ба мубориза бар зидди зўроварӣ дар оила дар 11 моҳи соли 2017 498 аризаву шикоятҳои шаҳрвандон оид ба зўроварӣ ба қайд гирифта, таҳти санҷиш қарор дода шудаанд. Аз ҷумла, ба РВКД дар шаҳри Душанбе-185, РВКД дар вилояти Хатлон-43, РВКД дар вилояти Суғд-185, РВКД дар ноҳияи Рашт-37 ариза ва ба РВКД дар шаҳри Хоруғ 24 ариза ворид гардидааст. Мувофиқи таҳлилҳо, 383 адад арзу шикоятҳои шаҳрвандон вобаста ба зўроварӣ дар оила нисбат ба мардон буда, 115 адад нисбат ба занон мебошанд.

«Дар ин давра оид ба зўроварӣ дар оила 162 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз тарафи нозирон доир ба мубориза бар зидди зўроварӣ дар оила нисбат ба 43 нафар, ки хушунати хонаводагӣ содир намудаанд,  санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Барои риоя накардани талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила» нисбат ба 261 нафар амрномаи муҳофизатӣ дода шудаанд»,-гуфт Б.Бердиев.

Ба иттилои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, 35 фоизи занон дар ҷаҳон дар давоми зиндагии худ бо хушунат рӯ ба рӯ мешаванд. Аз ин маълумот бармеояд, ки занон қишри осебпазири ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, зӯроварӣ нисбат ба онҳо бештар ба назар мерасад.

Сокини шаҳри Душанбе, ки худро  Шукрона муаррифӣ кард, дар суҳбат  ба мухбири АМИТ «Ховар» изҳор дошт, ки  тӯли се соли охир аз ҷониби шавҳараш  ба зӯроварӣ дучор мешавад. «8 сол мешавад, ки бо шавҳарам зиндагӣ дорам ва дар ин муддат  соҳиби 3 фарзанд шудем. Солҳои аввали оиладоршавӣ зиндагии хуб доштам, аммо се соли охир аз сабабе, ки шавҳарам ба истеъмоли маводи мухадир даст задааст, аз тарафи ӯ ба лату кӯб дучор шудаам. Ин гуна муносибати ӯ ба фарзандонамон низ таъсири манфӣ расонид»,-гуфт номбурда.

Ҳамчунин сокини ноҳияи Шаҳритус, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, ки собиқ шавҳараш,  ки ҳоло дар қайди никоҳи ӯ нест, бо сабабҳои гуногун   ӯро лату кӯб мекунад. Ба гуфти ӯ: «аз сабабе, ки сатҳи зиндагии мо на он қадар хуб буд, собиқ шавҳарам   ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафт. Ҳангоми аз муҳоҷират баргаштан маълум гашт, ки дар он ҷо зан гирифтааст ва маро бо ду фарзандам талоқ дод. Аммо баъд аз ҷудо шудан ҳам то ҳол маро ба ҳоли худ намонда, дар ҳолати мастӣ омада, лату кӯб мекунад»,- гуфт ҳамсуҳбат.

Бале, дар зиндагии оилавӣ чунин муносибатҳои дағалона ва зӯроварӣ аз тарафи мардон  нисбат ба занон бисёр дида мешаванд.  Мутаассифона, аксари ин гуна ҳолатҳо пешгирӣ карда намешаванд ва ба оқибатҳои нохуши зиндагӣ оварда мерасонанд.

Бояд гуфт, ки баҳри ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои  занҳо  дар ҷумҳурӣ чӣ аз тарафи мақомоти давлатӣ ва чӣ ғайридавлатӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зиёда аз 40 адад марказҳои иттилоотӣ-ҳуқуқӣ ва машваратӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии махсус, ба монанди «Бюро оид ба ҳуқуқҳои инсон», «Лигаи занони ҳуқуқшиноси Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра фаъолият доранд.

Бо мақсади  дастгирии иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва равонии занон соли 2010  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии «Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе» -ро  таъсис дод. Маркази мазкур  ба таври ройгон ва махфӣ ба гурӯҳи заноне, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор дошта, дучори фишор ва хушунати хонаводагӣ гардидаанд (инчунин занони ҷабрдидае, ки мавриди хариду фурӯш қарор гирифтаанд),  хизмат мерасонад. Кормандони марказ  ба ин гуна занону духтарон ва кӯдакон кумаки аввалини тиббӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва равонӣ   расонида, инчунин барои пешгирии ҳама гуна зӯроварӣ дар байни занон  фаъолияти иттилоотӣ-маърифатӣ ба роҳ мондаанд.

Бино ба иттилои директори «Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе»  Зӯҳро Мирзоева, аз аввали соли равон  то имрӯз ба Марказ 1 ҳазору 236 нафар  занон муроҷиат намудаанд, ки бештарашон аз мавҷудияти зӯроварӣ дар оила шикоят доранд.

Ба иттилои З. Мирзоева, занон бештар оид ба зӯроварӣ дар оила,   ситонидани алимент,   бекор кардани ақди никоҳ,   тақсимоти манзил ва   ҳамчунин масъалаҳои гуногун, аз ҷумла, таъмин намудан бо ҷои кор,  ғайриқонунӣ  аз кор озод намудан,  кумаки молиявӣ,  гирифтани шиноснома ва зодномаи таваллуд, масъалаи гирифтани қитъаи  замин, иҷро нагардидани   қарорҳои  судӣ  ва ғайраҳо  муроҷиат намудаанд. «Мо  то ҳадди имкон бо даъвогару ҷавобгар суҳбат ороста, масъаларо хуб меомӯзем. Аз хизмати коршиносону равоншиносони  марказ истифода бурда, тарафҳоро оштӣ медиҳем. Агар бинем, ки вазъ ислоҳ намешавад ва ҳодиса такрор меёбад, аризаву санадҳоро омода сохта, ба сохторҳои дахлдор муроҷиат мекунем»-зикр намуд ҳамсуҳбат.

Бояд гуфт, ки дар назди муассисаҳои тиббии якчанд минтақаҳои мамлакат шабакаҳои утоқҳои буҳронӣ барои ҷабрдидагон фаъолият доранд, ки метавонанд ҷабрдидагонро дар марҳилаҳои аввал паноҳ диҳанд. Аз ҷумла, дар назди Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қарияи боло) имрӯз ду утоқи буҳронӣ фаъолият мекунанд, ки ба ҷабрдидагон кумаки тиббӣ мерасонанд.

Тавре ҷонишини сардухтури Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қарияи боло) Хайрулло Шарипов зикр намуд: «Соли 4-ум аст, ки дар назди марказ ин утоқҳо фаъолият доранд ва дар ин муддат ба  он нафароне, ки муроҷиат кардаанд, аз тарафи мутахассисони соҳа сари вақт кумаки аввалини тиббӣ расонида шудааст. Ва ҳангоми ворид шудани ҷабрдидагон мо ба мақомоти корҳои дохилӣ дар бораи онҳо маълумот пешниҳод мекунем».

Ҳамчунин Х. Шарипов зикр намуд, ки соли 2016  26 нафар ва дар 10 моҳи соли равон 37 нафар дар утоқҳои буҳронӣ бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бистарӣ шуданд. Ба гуфти ӯ, бештари ҷабрдидагон шаҳрвандоне мебошанд,  ки мушкилоташон аз  ҳисоби сатҳи паст будани зиндагӣ,  хушунати хонаводагӣ, чӣ аз ҷониби шавҳар ба зан ва ё аз ҷониби шахси сеюм дида мешаванд.

Зӯроварӣ дар оила кирдори зиддиҳуқуқии бадқасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, рӯҳӣ, шаҳвонӣ ё иқтисодӣ мебошад, ки дар доираи муносибатҳои оилавӣ аз ҷониби як узви оила нисбат ба узви дигари оила содир шуда, боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, расонидани дарди ҷисмонӣ ё зарар ба саломатии ӯ мегардад, ё таҳдиди расонидани чунин зарарро ба вуҷуд меорад. Ба ин хотир дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсатҳои минтақавии он «Телефони боварӣ»-и 221-21-21 ва сомонаи расмии Вазорат фаъолият мекунанд, ки ба воситаи онҳо ҷабрдидагони зўроварӣ дар оила имконият доранд муроҷиат намоянд.

Ҳамчунин  аз 2 майи соли равон дар Вазорати корҳои дохилӣ хизматрасонии телефонии ройгони «Мадад 19-19» ташкил карда шудааст, ки шаҳрвандон метавонанд дилхоҳ вақт барои ёрӣ ба он  занг зананд.

Ибодат ДАВЛАТОВА,

АМИТ «Ховар»

Декабрь 7, 2017 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар Кӯлоб Конференсияи IV байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид
Кумакҳои Пешвои миллат ба зарардидагони офати табиӣ дар ноҳияҳои Нуробод ва Рашт расиданд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 10 ҳазор ҷавони гуногункасб Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил шуд
Дар Озарбойҷон оид ба масъалаҳои оила, занон ва кӯдакон дар самти баробарии гендерӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
23 МАЙ — РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Дар Бадахшон ҷаласаи Шурои кор бо ҷавонон доир шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши занону духтарони шаҳри Душанбе баргузор гардид
ОГОҲӢ. Дар Тоҷикистон 24-25 май боронҳои пуршиддат, сел, жола ва раъду барқ дар назар аст
«ШАРОРАИ ҶАВОНӢ». Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мегардад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Оид ба нақшии калидии ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар давлати ҳуқуқбунёд ҳамоиш доир гардид
БА ТАЪСИСИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН 27 СОЛ ПУР ШУД. Назарпурсӣ оид ба фаъолияти ҷавонон дар ҷавоб ба дастгириҳои Президенти Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Ҷавонон умеду ояндаи давлат ва халқи Тоҷикистон мебошанд»
Ҷавонони тоҷик дар моварои ҳаводиси сайёра ва таҳмили ғояҳои экстремистӣ бояд ҳамеша ҳушёр бошанд. Эҳдо ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон