АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. Сарфароз Фаттоҳзода Паёми Пешвои миллатро оинаи таҷассумкунандаи пешравиҳои имрӯзу фардои Тоҷикистон медонад

Декабрь 21, 2017 09:52

ХУҶАНД, 21.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо сокинони ҷумҳурӣ интизори онанд, ки дар Паёми имсолаи Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом мақсаду маром пешниҳод ва қабул мегарданд.
Бояд гуфт, ки аз як Паём то Паёми дигари Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёт гомҳои устувор гузошта мешаванд ва пешравиҳои назаррас рӯи кор меоянд. Аз ин лиҳоз, дар Паёмҳои Сарвари давлат аксари ҳадафу вазифаҳо барои муҳлатҳои тӯлонӣ пешбинӣ шуда, ҳар сол ҷараёни амалӣ гаштани онҳо аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ баррасӣ мегарданд. Инчунин бо дигаргуниҳои ҷаҳони муосир як қисми онҳо такмил ёфта, мақсаду ҳадафҳои нав муайян ва мушаххас мегарданд. Дар ин замина зимни суҳбат бо хабарнигори минтақавии АМИТ
«Ховар» дар вилояти Суғд раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар вилоят Сарфароз ФАТТОҲЗОДА вобаста ба паҳлуҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешбурд ва татбиқи амалии он дар доираи соли равон, яъне аз Паём то Паём андешаҳои худро чунин баён дошт:

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъан як дастури раҳнамо барои пешрафту шукуфоии ҷумҳурии азизи мост. Пеш аз ҳама, Паёми соли гузаштаи Пешвои миллат дар замоне ироа гардид, ки мардуми кишварро рӯҳияи тоза фаро гирифта буд. Зеро соли гузашта халқи шарафманди Тоҷикистон 25-солагии Истиқлолияти давлатиро ҷашн гирифта буданд. Ва имсол 20-солагии имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва ҳамзамон 25-солагии баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рӯҳияи тоза ва дастовардҳои намоён таҷлил карданд. Пешорӯи Паёми Сарвари давлат ба ҳам омадани ин се ҷашни фархунда, ки дар давлатдории навини тоҷикон нақши созанда дошта, дар таърих бо ҳарфҳои заррин навишта шудаанд, фоли нек аст. Тавре Сарвари давлат дар оғози Паём зикр карданд, ҷумҳурии мо ба марҳилаи нави рушд ворид шуда, мардум ба сӯи ояндаи ободу осуда қадамҳои устувор гузоштаанд ва дар зарфи 26 соли соҳибистиқлолӣ рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар таъмин гардид.

Пешвои миллат дар Паёми солонаи худ доир ба дастовардҳои соли 2016 зикр намуда, ҳамчунин барои пешрафти бештари соҳаҳои гуногуни кишвар вазифаҳои мушаххас пениҳод намуданд. Аз ҷумла, ба самтҳои стратегии кишвар афзалияти бештар дода шуд. Яке аз ин барномаҳои стратегии мамлакат расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб рафта, сохтмони сарбанди неругоҳи барқи обии «Роғун» бозгӯ ва рӯйдоди муҳими таърихӣ маҳсуб мешавад. Дар назар аст, ки соли 2018  аввалин агрегати он ба кор дарояд.

Ҳамчунин ҳукумати мамлакат таъмини устувори мардум бо неруи барқро вазифаи худ дониста, дар партави Паёми Сарвари давлат дар ин самт чораҳои муассирро рӯи даст гирифт. Самараи ин  тадбирҳоро мо бо чашми худ дидем- зимистони соли гузашта ва тирамоҳу зимистони имсоларо мардуми ҷумҳурӣ бе камбудии неруи барқ сипарӣ менамоянд.

Ҳамзамон дар Паёми Сарвари давлат афзалияти бештар ба баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дода шудааст. Аз ҷумла, зикр гардид, ки ҷиҳати таъмини рушди минбаъдаи мамлакат, иҷрои афзалиятҳои миллӣ ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд. Яке аз нақшаҳои олии кишвар- ин таъмини устувори нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ бо ташкили ҷойҳои нави корӣ ва фароҳам овардани замина барои таҳкими иқтидори содиротии ҷумҳурӣ буда, ҳамзамон дар панҷ соли оянда фаъолияти Ҳукумат ба баланд бардоштани сифати рушди неруи инсонӣ нигаронида шудааст.

Воқеан ҳам, имрӯз дар ин самт таваҷҷуҳу дастгириҳо зиёданд ва диққати бештар ба насли ҷавон зоҳир мегардад. Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 исботи ин гуфтаҳост.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баҳри тарғибу ташвиқи нуктаҳои муҳим ва амалигардонии ҳадафҳои созандаи Сарвари давлат ҷидду ҷаҳд намуда, тадбирҳои муфид роҳандозӣ намуд. Дар самти тарғибу ташвиқ ва омӯзиши Паём бо ибтикори кумиҷроия давоми сол зиёда аз 1750 вохӯриҳо гузаронида шуданд. Дар ин вохӯриҳо бештар дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, нақшаҳои дар Паём зикргашта матраҳ шуда, ҳадафҳои Сарвари давлат ба мардуми касбу кори гуногун шарҳу тавзеҳ дода шуданд. Яке аз масъалаҳои муҳим мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ буд, ки дар Паём ба он ишора шудааст.

Ба ғайр аз ин, татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар меҳвари фаъолияти мо қарор дошт. Ба ин васила, дастгирии ҷавонони лаёқатманд, варзишгарони ҷавон мароми тоза гирифта, ташкили курсҳои бозомӯзӣ ва дигар тадбирҳои судманд амалӣ карда шуданд.

Дастгирии иҷтимоӣ яке аз самтҳои афзалиятноки ҳизби мо маҳсуб мешавад. Дар асоси амалигардонии супоришу ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастурҳое, ки дар Паём зикр шуданд, давоми сол аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар вилояти Суғд аёдати 23 ҳазору 756 нафар пиронсолон, собиқадорон, шахсони яккаву танҳо, маъюб ва ятиму бепарасторон ба ҷо оварда шуд.

Аз ин лиҳоз бо боварии том метавон гуфт, ки ҳар як Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии мамлакат,  пеш аз ҳама, роҳнамои ҳаёт ба сӯи рӯзгори неку босаодати мардуми Тоҷикистон ва ҳамзамон оинаи таҷассумкунандаи пешравиҳои имрӯзу фардои кишвар ба ҳисоб меравад.

 

Абдуаҳад ДАДОБОЕВ,

АМИТ «Ховар», Суғд

Декабрь 21, 2017 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 20 дараҷа гарм мешавад
Дар Хуҷанд вобаста ба масъалаҳои мубрами маърифати ҳуқуқӣ дар шароити муосир конференсия баргузор гардид
Дар шаҳри Бӯстон ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Сангвор 17 манзили истиқоматӣ супорида шуд
COP29 бо қадамҳои муҳим дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва лоиҳаи нави маблағгузорӣ ба анҷом расид
Мактаб–интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим ва Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон бо гармӣ таъмин мебошанд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Чӣ тавр ёварони овозӣ дар ҳолатҳои гуногуни зиндагӣ кумак мекунанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
«ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ баргузор шуд