Азим Иброҳим: «Барномаҳои тандурустӣ бояд ба рушди хизматрасониҳои иҷтимоӣ мусоидат намоянд»

Декабрь 7, 2017 17:17

ДУШАНБЕ, 7.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳузури муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим чанд рӯз пеш ҷаласаи навбатии Шўрои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа ҷараёни иҷрои «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавӣ ва раванди татбиқи «Барномаи давлатии тавонбахшии  маъюбон барои солҳои 2017-2020» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Муовини Сарвазири мамлакат таъкид намуд, ки масъалаҳои нигоҳдории тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд ва амалишавии ин барномаҳо дар беҳтар гардидани дастрасии табақаҳои осебпазири аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат хоҳанд намуд.

Зимни муҳокимарониҳо махсус зикр гардид, ки ба муҳити оилавӣ баргардонидани кўдакони имконияташон маҳдуд, ки дар муассисаҳои будубоши доимӣ ба хизматрасонии иҷтимоӣ фаро гирифта шудаанд, падидаи хуб аст ва ба он бояд идома дод.

Ҳамзамон масъалаҳои муоширату муносибати кормандони иҷтимоии шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар шаҳру ноҳияҳо беҳбудиро тақозо дорад, зеро пиронсолону маъюбон ва дигар шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта ҳамеша ба муносибати некбинона ва ҳайрхоҳона, ки  асоси хизматрасонии иҷтимоӣ маҳсуб меёбанд, ниёз доранд. Ҳангоми баҳодиҳӣ ба фаъолияти ин муассисаҳо муоширату муносибат бояд ҳамчун меъёр ба инобат гирифта шаванд.

Муовини Сарвазир ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Муассисаи давлатии «Заводи протезию ортопедии шаҳри Душанбе» супориш дод, ки бо насби дастгоҳҳои муосир истеҳсоли сифатноки маҳсулотро барои таъмини талаботи маъюбон  бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ, махсусан, пойафзоли протезӣ мутобиқи андозаи зарурӣ ба роҳ монанд.

Ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода шуд, ки ба амалишавии сифатноки барномаҳои мазкур, ки ба беҳтар гардидани хизматрасониҳои иҷтимоӣ мусоидат менамоянд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намояд.

Декабрь 7, 2017 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд