«БОД ЧАНДИН ЗАМОН БА КОМИ ШУМО…» Ҳамоиши илмӣ бахшида ба Бедили Деҳлавӣ дар сарзамини тоҷикон
ДУШАНБЕ, 05.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Бедили Деҳлавӣ дар сарзамини тоҷикон»-таҳти чунин унвон бахшида ба 25 – солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Ҳиндустон имрӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид, ки дар он бедилшиносони Тоҷикистон ва берун аз он иштирок доштанд.
Зикр шуд, ки Мирзо Абдулқодири Бедил шоир, насрнавис, файласуф ва мутафаккири форсизабони Ҳиндустон буда, дар байни тоҷикони Осиёи Миёна, Покистон, Эрон ва Афғонистон шӯҳрати бузург дорад. Бедил дар эҷодиёти худ умдатарин қисмати осори бадеӣ ва ҳунари адабии шоирони форсу тоҷикро аз Рӯдакӣ то Ҷомӣ ва андешаҳои адабию фалсафии Саноию Аттор, Ҷалолуддини Румӣ ва Ибни Арабиро таҳлил намудааст. Фалсафаи бостонии Эрони Қадим, Юнону Ҳинд ва араб ба инкишофи ақидаҳои адабию фалсафӣ замина гузошта ва дар натиҷаи бардошт аз дастовардҳои гузаштагон Мирзо Бедил афкори фалсафии хешро қавӣ намуд.
Аҳли илму адаб Бедилро бо унвони Абулмаонӣ ёд мекунанд, ки ифодаи падари маъниҳоро дорад.
Яке аз олимони тоҷик Шамсиддин Муҳаммадиев иброз намуд, ки дар таърихи тамаддун ва фарҳанги тоҷикон нақши шоир, мутафаккир ва донишманди деҳлавӣ Мирзо Абдулқодири Бедил басо барҷаста аст. Дар Тоҷикистон таҳқиқи осори Бедил аз устод С. Айнӣ шурӯъ шудааст. Ҳамчунин куллиёти ӯ дар 8 ҷилд ба чоп расидааст, ки дар он саҳми бедилшиноси тоҷик Бобобек Раҳимӣ арзанда аст.
Бояд зикр намуд, ки Бедил адиб ва файласуфи сермаҳсул буда, аз мероси ӯ 65 ҳазор байт осори манзум ва қариб 50 ҷузъи чопӣ асарҳои насрӣ боқӣ мондаанд. Дар асарҳои Бедил «Дебоча», «Ирфон», «Тури маърифат», «Нукот», «Ишорот ва ҳикоёт», «Руқаот», «Чор унсур», «Муҳити аъзам», «Тилисми ҳайрат», «Ғазалиёт», «Рубоиёт», «Қасоид», «Қитъаот», «Таркибот ва тарҷеот», «Ташбеҳот ва тамсилот», ки дар Осиёи Миёна нусхаҳои сершумори дастнависи он мавҷуданд, ақидаҳои тарбиявию ахлоқии шоир бештар намудор мешаванд.
Шоир ба мавзӯъҳои мухталифи зиндагӣ даст зада, одамонро ба накӯкорӣ ва саховатмандӣ, омӯхтани илму ҳунар, касбу кор ва парҳезгорӣ аз бухлу кина, адовату душманӣ ва ниҳоят, нафрат доштан ба ҳар гуна ҷоҳиливу нодонӣ ва бадгӯӣ даъват мекунад.
Шоир дар як ғазалаш гӯё ба мо, имрӯзиён, чунин нидо мекунад:
К-эй ҷаҳон масти даври ҷоми шумо,
Бод чандин замон ба коми шумо!








Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд






