Дар ҷаласаи Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои ИДМ фаъолияти мақомоти гумрукӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 14.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. 12 декабри соли равон дар шаҳри Москва ҷаласаи 66-уми Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Ба иттилои маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласа як зумра масъалаҳо вобаста ба густариш додани ҳамкорӣ байни мақомоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муҳокима шуда, аз натиҷаи он аз ҷониби роҳбарони мақомоти гумрук қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Бояд гуфт, ки фаъолияти мақомоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои рушди кишварҳо нақши муҳим дошта, дар инкишофи иқтисодиёти тарафҳо саҳми калон дорад.
Дар ҷаласаи 66-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масъалаҳо оид ба ҷараёни иҷрои қарорҳо, ки дар ҷаласаи 65-уми Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қабул шуда буданд, инчунин натиҷаҳои кори коршиносони Шӯро, лоиҳаи Созишнома оид ба омӯзиши кадрҳо дар барномаҳои таълимӣ ва барои таълими иловагии касбӣ, талаботи намунавӣ барои бехатарии иттилоотии системаҳои иттилоотӣ ва захираҳои мақомоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, лоиҳаи Низомнома оид ба талаботи минималӣ барои нуқтаҳои гумрукии наздисарҳадӣ, ки дар нуқтаҳои гузаргоҳи автомобилӣ ҷойгиранд ва нақшаи кори Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ барои соли 2018 баррасӣ гардиданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






