Дар Хатлон Форуми дуюми занони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии вилоят доир гардид
ДУШАНБЕ, 20.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 19 декабри соли равон дар кохи «Ватан»-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон форуми дуюми занони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии вилояти Хатлон доир гардид. Дар кори форум раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода иштирок намуда, сухан гуфт.
«Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ мубориза бо ҷинояткории муташаккилона, аз ҷумла, терроризм ва экстремизм барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол вазифаи муҳим мебошад. Имрӯзҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии вилоят зиёда аз 350 нафар занон фаъолият менамоянд, ки теъдодашон сол ба сол зиёд гашта, дастовардҳои хизматиашон ҳам назаррас мегардад»,-иброз дошт раиси вилоят.
Ба иттилои Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, аз ҷониби раиси вилоят ба фаъолонзанон сипосномаҳо супорида шуданд.
Дар қисмати дуюми форуми мазкур, ки таҳти роҳбарии муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода ҷараён гирифт, подполковники милитсия, нозири калони шуъбаи ташкилии нозироти Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Офоқ Қодириён дар мавзӯи «Нақши занони милитсия дар ҷомеа», коргузори Прокуратураи ноҳияи Дӯстӣ Низора Назарова дар мавзӯи «Ҷавонон-ояндаи миллат» ва нотариуси давлатии Идораи нотариалии давлатии вилоят Зулайхо Исломова дар мавзӯи «Рушди соҳаи адлия ва саҳми занон дар он» маърӯза карданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






