Дар пойтахт бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ навсозии як силсила иншооти коммуникатсионӣ оғоз гардид

Декабрь 28, 2017 10:30

ДУШАНБЕ, 28.12.2017./АМИТ «Ховар»/.  Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  доир ба вусъати корҳои ободонию навсозӣ  дирӯз дар пойтахт бо иштироки  Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ  навсозии як силсила иншооти коммуникатсионӣ оғоз гардид.

Сараввал Рустами Эмомалӣ дар буриши хиёбони Ҳофизи Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба корҳои таъмиру навсозии пули роҳи оҳан (километри 4681 пикети 6 фосилароҳи Душанбе-1 — Душанбе-2) оғози расмӣ бахшид.

Пули мазкур солҳои 20-уми асри гузашта (1929) бо дарозии беш аз 67 метр бунёд гардидаву бори охир соли 1978  таъмир шудааст. Бо гузашти солҳо пул ва иншооти атрофи он таъмирталаб гардидаанд. Лоиҳаи бозсозии пули мазкур аз ҷониби ҶДММ «Лоиҳа инвест» ва ҶДММ «Зебосоз» тарҳрезӣ гардида, корҳои сохтмонӣ ва васлу насбро дар ин иншоот КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бар уҳда гирифтааст.

Тибқи лоиҳа навсозии пули роҳи оҳан, панҷараҳо ва қисмҳои дигари он бо тарҳу намуди нав ва бо истифода аз масолеҳи хушсифат таъмиру тармим гардида, тавассути воситаҳои равшанидиҳандаи гуногун оро дода мешаванд.

Дар ҳамин ҷо ба Раиси шаҳри Душанбе  лоиҳаи сохтмони 4 иншооти коммуникатсионии шаҳр муаррифӣ карда шуд. Лоиҳаҳои сохтмони роҳи автомобилгард аз дарвозаи ғарбии шаҳр то маҳаллаи Чортут бо дарозии 7,3 км ва паҳноии 53 то 60 метр бо инобати 8 хати ҳаракат, хати марказии ҷудошаванда ва чорроҳаҳои дусатҳа, роҳи автомобилгарди кӯчаи Ҳабибулло Назаров аз кӯчаи Ҳуснобод то хиёбони Ҳофизи Шерозӣ бо дарозии 1 (як) километр ва паҳноии 25 метр, роҳи автомобилгард аз кӯчаи Соҳилӣ бо баромад ба кӯчаи Низомии Ганҷавӣ бо дарозии 0,94 километр ва паҳноии аз 27 то 43 метр ва роҳи автомобилгард аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то хиёбони Саъдии Шерозӣ ва кӯчаи Қаҳҳоров бо дарозии 0,8 километр ва паҳноии 65 метр баҳри пайваст намудани чаҳор қисмати шаҳр тавассути роҳҳои мустақими транзитӣ, ки барои аз байн бурдани танбашавии воситаҳои нақлиёт ва коҳиш додани ҳаракат дар кӯчаҳои марказии шаҳр нақши муҳим мегузоранд, тарҳрезӣ гардидаанд.

         Зимни шиносоӣ бо ҷузъиёти лоиҳаҳои мазкур  Рустами Эмомалӣ ба масъулини сохторҳои марбута дастур дод, ки зимни татбиқи онҳо  тамоми талаботи технологӣ, қоидаҳои роҳсозии муосири ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалиро ба инобат гирифта,  ҳангоми навсозии ин ва дигар иншооти коммуникатсионии пойтахт ба тарҳу намуд, сифати иҷрои корҳо ва  паҳноии роҳ диққати махсус диҳанд.

Дар ин рӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳамчунин  ба таври расмӣ пули роҳи оҳан, воқеъ дар хиёбони Саъдии Шерозиро, ки чаҳор ноҳияи пойтахтро ба ҳам мепайвандад, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Иншооти мазкур соли 1929 бунёд шуда, бори охирон соли 1978 таъмир гардида буд. Вале бо гузашти солҳо фарсуда шуда,  ба таъмир ниёз пайдо карда буд.

Лоиҳаи  навсозии Пули роҳи оҳан аз ҷониби ҶДММ «Лоиҳаинвест» ва ҶДММ «Зебосоз» тарҳрезӣ гардида, корҳои сохтмонӣ ва васлу насби иншоот аз ҷониби КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо маблағи 3 миллиону 200 ҳазор сомонӣ амалӣ карда шудааст.

Дар доираи навсозии пули мазкур дар баробари таъмиру тармими хати роҳи оҳан, болои пул бо панҷараҳои мунақкаши оҳанӣ зиннат дода шуда, аломатҳои ороишии онро воситаҳои сершумори равшанидиҳанда, ки ранги онҳо ба таври худкор иваз мегардад, зинати иловагӣ мебахшанд.

Ҳамчунин атрофи пул пурра навсозӣ гардидааст. Аз ҷумла, дар  чаҳор ҷониби он зинаву роҳравҳо бозсозӣ шуда, майдони 500 метри мураббаъ бо сафолакҳои бетонӣ рупӯш гардидааст. Қисмати поёни он  бо масолеҳи ороишӣ рӯпӯш, асосҳо ва сутуни такягоҳи пул низ бо санги хоро зиннат дода шудаанд, ки масоҳати умумии он 450 метри мураббаъро дар бар мегирад. Корҳои ороишӣ дар қисмати поёни пул низ бо истифода аз масолеҳи хушсифати ороишии муосир бо сифати баланд анҷом дода шудаанд.

Дар ҷараёни боздид аз иншооти мазкур  Раиси шаҳр ба корҳои иҷрогардида баҳои баланд дода, таъкид дошт, ки ин ва дигар иншооти шаҳри Душанбе бояд мутобиқ ба меъёрҳои шаҳрсозии муосир ва бо инобати фароҳам овардани шароити шоистаи зисту зиндагонии сокинони шаҳр амалӣ карда шаванд.

Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати тавсеаи корҳои созандагӣ дар чаҳор қисмати пул тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намоянд ва бо дарназардошти корҳои ободонӣ ва ҳифзи муҳити зист маъракаи ниҳолшинонӣ, гулзоркунӣ ва сабзазоркуниро вусъат бахшида, ҷиҳати тозаю зебо нигоҳ доштани гулгаштҳо, кӯчаю маҳаллаҳои шаҳри Душанбе тадбирҳои саривақтӣ андешанд ва камбудиву норасоиҳои мавҷударо сари вақт бартараф намоянд.

Бо вусъат ёфтани корҳои ободонию созандагӣ пойтахти мамлакат симои худро комилан тағйир дода, дар баробари зебову назаррабо гардидани кӯчаву маҳалла ва хиёбону гулгаштҳои сершумор, барои сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе шароити боз ҳам беҳтари зиндагӣ ва истироҳату фароғат фароҳам оварда шудааст.

Декабрь 28, 2017 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ кумакҳои пулӣ расонида мешаванд
Дар Душанбе барои занону духтарон аз оилаҳои ниёзманд даври омӯзишии «Бонуи ҳунар» оғоз ёфт
Барои ташкили ғайриқонунии нуқтаи савдо нисбат ба 13 шаҳрванд санади маъмурӣ тартиб дода шуд
Боғи фарҳангию фароғатии «Аҳмади Дониш»-и шаҳри Душанбе беҳтарин боғ дар соли 2025 дониста шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Имрӯз дар «Кохи Суруш»- и шаҳри Душанбе Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ КӮДАКОНИ ХУШБАХТ! Дар пойтахт сохтмони 56 муассисаи таҳсилоти томактабӣ идома дорад
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ РАВАНДСОЗ. Ин равандҳо фарогири доираи васеи кишварҳо аз чор қитъаи олам- Осиё, Аврупо, Африқо ва Амрико мебошад
ТУ ШАҲРИ ГУЛБАДОМОНӢ, ДУШАНБЕ ! Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ПОЙТАХТ — СИМОИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи пойтахт
Шаҳриёри шаҳри умеду орзуҳо ва идомадиҳандаи роҳи ниёгони некном
ДУШАНБЕИ ДИГАР. Бинои нави Парлумони Тоҷикистон дар пойтахти кишвар шаҳомоти хоса дорад