Дар пойтахт Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе доир мешавад

Декабрь 1, 2017 14:57

ДУШАНБЕ, 1.12.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Дар пойтахт 11 декабри соли равон  иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум  даъват  карда мешавад. Дар ҷараёни кори он  муҳокимаи 6 масъала  дар назар  дошта шудааст.

Дар ин бора аз  Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар дода,  зикр карданд, ки  иҷлосияи мазкур дар ин рӯз соати 09:00  дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 80  баргузор мегардад.

Дар рӯзномаи иҷлосия масъалаҳои зерин дохил карда  шудаанд: гузориши раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба  интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №№ 58, 61 ва 67, ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ «Оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018»,  баррасии лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2018 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2016,  баррасии лоиҳаи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»,  тасдиқ намудани қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 20 июли соли 2017 «Дар бораи Дурнамои рушди савдо ва хизматрасониҳои маишӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2017 — 2025» ва тасдиқи дигар қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе.

«Барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда,   аз вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум хоҳиш карда мешавад, ки  аз  2 то 9 декабри соли 2017 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд»,- афзуд манбаъ.

Декабрь 1, 2017 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?