Дар шаҳри Қӯрғонтеппа намоиши аксҳои Шуҳрат Ёров доир гардид
ҚӮРҒОНТЕППА, 21.12.2017 /АМИТ «Ховар» /. Дирӯз дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон намоиши аксҳои рассоми бомаҳорати тоҷик Шуҳрат Ёров таҳти унвони «Тоҷикистон-диёри азизи мо» баргузор гардид.
Дар намоиш зиёда аз 100 адад аксҳо дар мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла тасвири гӯшаҳои зебои диёр, рӯзгори занон, мавзеъҳои дилрабои Тоҷикистон ва ғайра пешниҳоди бинандагон гардиданд. Намоиши мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти дӯстӣ ва алоқаҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто» баргузор гардид.
Тавре намояндаи Ҷамъияти дӯстӣ ва алоқаҳои фарҳангии Тоҷикистон Латофат Шарипова итттилоъ дод, «намоиши мазкур ба рушди санъати аксбардорӣ ва тарбияи эстетикии ҷавонон мусоидат мекунад. Аз ин пеш чунин намоиши аксҳои Шуҳрат Ёров дар дигар шаҳру навоҳии Тоҷикистон, ҳамзамон Россия, Беларус, Германия ва дигар давлатҳо низ баргузор гардида буданд».








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






