Дар Суғд барои воридоти маводи тарфгарӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 13.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. 8 декабр дар минтақаи наздисарҳадии Тоҷикистон-Қирғизистон, дар роҳи мошингарди самти «Конибодом-Хуҷанд», дар дидбонгоҳи БДА-и ҳудуди Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, воситаи нақлиётии тамғаи «БМВ-520» таҳти идораи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ю.Н., соли таваллудаш 1984, барои гузаронидани муоинаи гумрукӣ боздошт карда шуд.
Тавре аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳангоми муоинаи гумрукӣ дар дохили бордони нақлиёти мазкур 7 қуттича (блок), ки дар дохилашон 10 адад қуттичаҳои майдаи маводи тарфгарии намуди «Трения», як қуттича дорои 12 дона маводи тарфгарии намуди «Красная нечист», 8 қуттичаи дорои 10 дона, ҷамъ 80 дона маводи тарфгарии намуди «Чёрная смерт», 2 қуттича (блок), ки дар дохилашон 20 донагӣ, ҷамъ 40 дона маводи тарфгарии намуди «Сай Ван Лэй», 10 қуттичаи дорои 12 донагӣ, ҷамъ 120 дона маводи тарфгарии намуди «Маленкая пчёлка», 1 қуттичаи дорои 72 донагӣ, намуди фейерверк «Соловей разбойник», 2 бастаи селофании дорои 4 донагӣ, ҷамъ 8 дона оташфаввораи «Золотой песок» ва 4 адад оташфаввораи намуди «Двоедрагуна»-и маводи тарфгарии истеҳсоли Ҷумҳурии Қирғизистон дарёфт карда шуд, ки ба шаҳрванд Ю.Н., тааллуқ доштаанд. Номбурда ин миқдор маводи тарфгариро аз деҳаи Арқаи Ҷумҳурии Қирғизистон ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи ғайрирасмӣ бидуни назорати гумрукӣ ворид намудааст.
Тибқи хулосаи коршиноси ташхиси судӣ- баллистикӣ ва тиру гилзадони ШТК РВКД ҶТ дар вилояти Суғд аз 8 декабри соли 2017, маводи аз шаҳрванд Ю.Н. гирифташуда, маводи силиндршакл буда, миқдори умумии маводи мазкур 3578 ададро ташкил дода, ба гурӯҳи маводи тарфгарӣ, яъне пиротехникӣ (хлопушка) дохиланд.
Аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд Ю.Н. бо моддаи 199, эзоҳи 1, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба прокуратураи вилояти Суғд фиристонида шуд.








СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад






