Дастаи «Хуҷанд» маротибаи чаҳорум Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард

Декабрь 5, 2017 09:51

ДУШАНБЕ, 05.12.2017./АМИТ «Ховар»/. Дастаи «Хуҷанд»   бори чаҳорум соҳиби Ҷоми Тоҷикистон шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар»  аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Бозии финалӣ барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон, ки 2-юми декабр  дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд, дастаҳои «Истиқлол»- и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳам рақобат карданд.

Гуфта мешавад, ки дар даври ниҳоии бозии футбол барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон дастаи Рустам Хоҷаев дастаи «Истиқлол»-ро бо ҳисоби 2:0 мағлуб намуд. Ин пирӯзӣ бо ба нишон расонидани тӯб аз ҷониби Манучеҳр Аҳмадов (дар дақиқаи 41-уми бозӣ) ва Ҳикматулло Расулов  (дақиқаи 56)   ба даст омад.

Дар ин бозӣ капитани дастаи «Хуҷанд» Манучеҳр Аҳмадов бозингари беҳтарин шинохта шуд.

Ҳамин тавр бозингарони дастаи «Хуҷанд»    маротибаи чаҳорум   Ҷоми Тоҷикистонро ба даст оварданд. Аз ин пеш дастаи  «Хуҷанд» солҳои 1997/1998, 2002 ва 2008-ум Ҷоми Тоҷикистонро ба даст оварда буд.

Декабрь 5, 2017 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид