Душанбе: сатҳу сифати хизматрасонӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ роҳандозӣ мешавад

Декабрь 5, 2017 15:50

ДУШАНБЕ, 05.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони шаҳри Душанбе, ки 15 феврали соли 2017 баргузор гардида буд,  ба  масъулин  ҷиҳати баланд бардоштани сифати хидматрасонӣ, дарёфти роҳҳои танзим, ба тартиб даровардани фаъолияти воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ  ва бартараф намудани ҳолатҳои танбашавии воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои пойтахт дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.

Бо ин мақсад  дар пойтахт татбиқи лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе» оғоз гардид. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  дар ҳамкорӣ бо ҶДММ «Авесто — гурӯҳ»  марҳалаи аввали татбиқи лоиҳаи зикршударо  ба итмом расондааст, ки дар доираи он 70 адад таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла, валидатор ворид гардида, дар 59 автобусу троллейбус насб карда шудаанд. Ҳамчунин  мақомоти мазкур ба нақша гирифтаанд, ки то охири соли 2017 барои дигар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт 930 адад таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла, 250 адад барои автобусу троллейбус ва 680 адад барои микроавтобусҳо ворид намоянд.  

Тавре аз  Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,    дар доираи амалигардонии лоиҳаи мазкур  кортҳои пардохтҳои электронии роҳкироӣ ба чанд гурӯҳ тақсим шуда, дар заминаи он кортҳои имтиёзнок барои донишҷӯёну хизматчиён, инчунин иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон ва шахсони имтиёздор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда тақсим мешаванд.

«Мусофирон кортҳои электронии пардохтро метавонанд аз ронанда, назоратчӣ, ҳамчунин аз терминалҳои махсусе, ки дар истгоҳҳо амал мекунанд  ва дигар нуқтаҳои фурӯши шаҳрӣ  дастрас намоянд.

Дар нақлиёти шаҳрӣ барои қабули пардохтҳои электронӣ таҷҳизоти махсус, ки валидатор ном дорад, насб шудаанд. Ронанда ҳангоми оғози кор корти худро ба валидатор гузошта,  онро барои қабули роҳкиро ва назорати ҷараёни он омода месозад. Мусофир қабл аз ворид шудан ба автобус ё троллейбус  корти роҳкироро дастрас намуда,  ҳангоми ворид шудан ба воситаи нақлиёт онро  болои таҷҳизоти қабул —  валидатор мегузорад ва дар сурати мавҷуд будани маблағ  дар табло  калимаи «раҳмат» ва  дар сурати набудани  маблағи зарурии  пардохт дар корт истилоҳи «қабул нашуд» пайдо мешавад. Дар марҳил аи аввал дар ҳар як воситаи нақлиёти мусофирбар назоратчиҳо фаъолият мекунанд, ки ҷараёни истифода ва пардохти электронии роҳкироро назорат хоҳанд кард. Дар сурати надоштани корт мусофир метавонад  маблағи роҳкироро ба назоратчӣ пардохт намуда, аз ӯ расид (чек)гирад.

Дар автобусу троллейбусҳо мониторҳои  иттилоотӣ бо нишон додани масири  хатсайр ва истгоҳҳо амал мекунанд. Барои нафақахӯрон ва афроди дорои имкониятҳои маҳдуд кортҳои имтиёзнок ҷорӣ шудаанд.

Гузаштан ба шакли электронии пардохт, пеш аз ҳама, барои мусофирон   аз лиҳози сарфакорӣ мусоид ва барои пардохт мувофиқ буда, ба баланд бардоштани сатҳу фарҳанги хизматрасонии мусофирон, ҷорӣ намудани хизматрасониҳои иловагӣ ва ҳамгироӣ бо дигар намуди воситаҳои нақлиёт, васеъ кардани сатҳи пардохт  тавассути маблағҳои ғайринақдӣ, афзоиши шумораи воситаҳои  нақлиёт дар асоси омӯзиши эҳтиёҷоти мусофирон, кам кардани шумораи мусофирони бероҳкиро дар воситаҳои нақлиёт мусоидат менамояд»-, афзуд манбаъ.

Хароҷоти умумии маблағи хариди таҷҳизоти воридшаванда 18 миллиону 172 ҳазор сомониро ташкил дода, аз ин нишондиҳанда андоз аз арзиши иловашуда, боҷ ва пардохтҳои гумрукӣ 4 миллиону 343 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд.

Хотиррасон менамоем, ки  чанде пеш  аз ҷониби вакилон  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои соли 2017» ба тасвиб расид, ки тибқи  он  барои  амалигардонии  лоиҳа таҷҳизоти зарурии воридшаванда аз андоз аз арзиши иловашуда, боҷ ва пардохтҳои гумрукӣ озод карда  мешаванд.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба молия ва иқтисод Шариф Раҳимзода зимни  баррасии масъалаи мазкур дар иҷлосия зикр кард, ки илова ба лоиҳаи қонун бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ, ба низом даровардани пардохти роҳкиро, аз байн бурдани гуногунфаҳмиҳо ва ба талаботи муосир ҷавобгӯ намудани симои пойтахти  мамлакат   ворид карда мешавад.

Бояд ёдовар шуд, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ҷиҳати баланд бардоштани сифати хидматрасонӣ ба мусофирон  пайваста тадбирҳои судманд андешида мешаванд.  Аз ҷумла, бо ин мақсад  23 марти соли равон бо яке аз ширкатҳои Ҷумҳурии Туркия шартномаи ҳамкорӣ баста шуд, ки мувофиқи он дар марҳилаи аввал 40 адад ва марҳилаи дуюм 24 адад автобусҳои мусофиркаши тамғаи «ISUZU»  ба шаҳри Душанбе ворид  гардиданд ва ҳоло ба сокинону меҳмонони пойтахт хизмат мерасонанд.

Баробари ба кор оғоз кардани автобусҳои нав дар хатсайрҳои пойтахт мушкилоти мусофиркашонӣ дар шаҳри Душанбе то андозае ҳал гардид, зеро 10 адад микроавтобусҳо агар майдони 325 метри мураббаъро ишғол кунанд, пас як адад автобуси тамғаи «Isuzu» танҳо масоҳати 72 метри мураббаъро фаро мегирад.

Навсозии истгоҳҳои нақлиёти мусофирбари мавҷуда бо ороиши замонавӣ дар хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Айнӣ ва Аҳмади Дониши    пойтахт  аз тадбирҳои дигари судманд  дар ин самт маҳсуб мешавад.

Моҳи августи соли равон бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нахустин истгоҳи намунавӣ барои нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ рӯнамоӣ гардид, ки он аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Ободонӣ»-и шаҳри Душанбе дар асоси лоиҳаи Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сохта шудааст.

Намунаи аввали истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ дар мутобиқат ба меъёрҳои байналмилалӣ ва бо назардошти сабку услуби меъмории миллӣ бунёд гардида, тибқи лоиҳа он аз ҷойи нишаст, нуқтаи фурӯши маҷаллаву рӯзномаҳо ва кортҳои электронии пардохти роҳкиро, таблоҳои электронӣ барои пешниҳод намудани маълумот ба сокинону меҳмонони пойтахт доир ба замон ва шумораи хатсайрҳо ва таблоҳои таблиғотӣ иборат буда,   дар онҳо  нуқтаи хизматрасонии телефони шаҳрӣ насб гардида,  ҳудуди истгоҳ тавассути камераҳои мушоҳидавӣ назорат карда мешавад. Ин гуна истгоҳҳо барои пешниҳод кардани хизматрасонии босифат мусоидат мекунанд.

Тибқи маълумоти Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии  шаҳри Душанбе, дар ҳудуди хатсайри нақлиёти ҷамъиятӣ аз  Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе  то корхонаи «Сементи тоҷик»  айни ҳол  сохтмони 36 адад истгоҳҳои намунавии нав  идома дорад.

Хамчунин  нимаи аввали соли  равон  ба фаъолият оғоз намудани Терминали нави мусофирбари «Озод транс» дар даромадгоҳи қисмати шарқии шаҳри Душанбе  низ аз  тадбирҳои дигари мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Душанбе дар ин самт  маҳсуб мешавад.

Терминали мазкур дар майдони 1,48 гектар ҷойгир буда, аз таваққуфгоҳ бо ғунҷоиши то 300 адад воситаи нақлиёти гуногунҳаҷм, бинои маъмурӣ, нуқтаи шустушӯ ва таъмири воситаҳои нақлиёт иборат мебошад.

Маблағи лоиҳавии иншоот 3 миллиону 938 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин ҳисоб 1 миллиону 181 ҳазор сомонӣ барои харид ва дастрас кардани таҷҳизоту воситаҳои техникӣ равона гардидааст.

Фаъолияти терминал ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуда, барои мусофирону ронандагон  имкониятҳои мусоид  фароҳам оварда шудаанд.

Бинои асосии терминал аз се ошёна иборат буда, дар ошёнаи аввал толори интизорӣ бо ғунҷоиши то 90 нафар дар як вақт, ошхона барои 60 нафар, нуқтаи муоинаи тиббӣ, хонаи модару кӯдак ва дигар утоқҳои корӣ ҷойгиранд.

Аз терминали мусофирбари «Озод транс» мусофироне, ки тавассути хатсайрҳои Душанбе-Ваҳдат, Душанбе-Файзобод, Душанбе-Оби Гарм, Душанбе-Роғун ва Душанбе-ноҳияҳои водии Рашт  ба сафар мебароянд, тибқи нақша истифода мекунанд.

Фаъолияти  ин терминал   барои  ҳаракати бехатару  мувофиқи   7 хатсайри нақлиёти мусофирбари шаҳрӣ, аз ҷумла, автобусҳои рақамҳои 2, 7, инчунин микроавтобусҳои №2, №5, №5а, №18, №43  ва хизматрасонии  беҳтари онҳо ба сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе  мусоидат менамояд.

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе   ҷиҳати  баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ барномаҳои дигари судманд роҳандозӣ гардида, кор дар ин самт идома дорад.

 

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 5, 2017 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДУШАНБЕ-ШАҲРИ ҲУШМАНД». Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе ҷамъбаст шуд
«САЙРИ ДУШАНБЕ». Шуруъ аз 25 май дар пойтахти Тоҷикистон 4 хатсайри нави сайёҳии дохилишаҳрӣ фаъолият менамояд
Дар Душанбе Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бошукуҳ таҷлил мегардад
Рустами Эмомалӣ: «Ҷавонони далеру ғаюри мо дар ҳар лаҳза баҳри дифои марзу бум ва ҳифзи истиқлолияти мамлакат омода мебошанд»
Дар Душанбе бо мақсади рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва тақвияти корҳои ободонӣ ҷаласа доир шуд
«САЙРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахти Тоҷикистон 4 хатсайри нави сайёҳии дохилишаҳрӣ ифтитоҳ мегардад
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ ҲУШМАНД». «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонон оғоз гардид
Озмуни «Беҳтарин акси шаҳри Душанбе» оғоз шуд
«БЕҲТАРИН РОЛИКИ САЙЁҲИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Бо мақсади тарғибу ташвиқи имконоти сайёҳии пойтахт озмун оғоз ёфт
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Директори идории Хазинаи Байналмилалии Асъор Кристалина Георгиева мулоқот намуданд
Дар Душанбе масъалаи амалӣ намудани лоиҳаи системаи зеҳнии нақлиёт баррасӣ гардид
«МАЙДОНИ ИСТИҚЛОЛ». Ин иншооти муҳташам ва сайёҳии шаҳри Душанбе аст, ки дили сокинону меҳмонони пойтахтро тасхир кардааст