Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми нав ба Маҷлиси Олӣ аз зиёд шудани маошу нафақаи шаҳрвандон мужда доданд

Декабрь 22, 2017 16:37

ДУШАНБЕ, 22.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Раванди тадриҷан беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии Тоҷикистон сол аз сол суръати тоза пайдо менамояд. Аз 1 сентябри соли 2018 зиёд гардидани музди меҳнат ва нафақаи шаҳрвандони мамлакат  аз  сиёсати пайгиронаи Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳои судманд дар роҳи паст кардани  сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии  мардуми  ҷумҳурӣ   маҳсуб  мешавад.

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми хеш  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр  карданд, ки «бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ аз 1 сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ зиёд карда мешавад. Аз ҷумла, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 15 фоиз, инчунин музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда мешавад.

Ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон ба ҳисоби миёна то 15 фоиз, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз зиёд карда мешавад».

Тибқи иттилои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳолати 1  сентябри соли равон теъдоди умумии нафақагирон дар ҷумҳурӣ 660 ҳазору 610   нафарро  ташкил  медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли  гузашта 18  ҳазору  598 нафар ё 2,9 фоиз   афзоиш    ёфтааст.

Дар маҷмӯъ дар ҷумҳурӣ шумораи  умумии   нафақагироне, ки  пардохти  нафақаашон  тариқи   кортҳои   бонкӣ  ба роҳ монда   шудааст, 96, 8 фоизи  теъдоди   умумии нафақагиронро ташкил менамояд.

Тибқи маълумоти  Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,   музди миёнаи меҳнат ба ҳолати 1 августи соли 2017 ба  1160,44 сомонӣ баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 225,31 сомонӣ ва ё 24,1 фоиз зиёд мебошад.

Декабрь 22, 2017 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд