Фаъолияти волонтёрӣ роҳи хайрхоҳона буда, ҷомеаро ба анҷом додани корҳои созанда ва манфиатовар ҳидоят менамояд
ДУШАНБЕ, 06.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон дар Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон баҳри рӯҳбаланд гардонидани ихтиёриён ҳамоиши волонтёрони ҷумҳурӣ бо номи «Пешвои миллат- рамзи иттиҳод ва сарҷамъии мо» доир шуд.
Дар ҳамоиш раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода иброз дошт, ки агар ба таърих нигоҳ кунем, мебинем, ки аз қадим миллати тоҷик маҳз ихтиёрӣ ва бо роҳи ҳашар ба якдигар кумак намуда, дар мушкилоти зиндагӣ дасти якдигарро мегирифтанд. Фаъолияти волонтёрӣ роҳи хайрхоҳонаест, ки ҷавонони хештаншиносу ватанпарварро барои анҷом додани корҳои созанда ва манфиатовар дар ҷомеа ҳидоят менамояд.
«Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сафи зиёди волонтёронро мушоҳида кардан мумкин аст, ки баҳри дастгирии кӯдакону калонсолон, маъюбон, ҳифзи муҳити зист ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, аз қабили тамокукашӣ, нашъамандӣ, бемориҳои сироятӣ тамоми неру ва вақти худро сарф мекунанд. Имрӯз шумораи волонтёрони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои маҳаллии он ба зиёда аз чор ҳазору чорсад нафар расидааст, ки ҳамаи онҳо дар баргузории барномаҳои ҷумҳурӣ мунтазам саҳм мегузоранд»,-зикр кард раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш.
Дар охири ҳамоиш «Пешвои миллат-рамзи иттиҳод ва сарҷамъии мо» ба волонтёрони фаъол туҳфа ва сипоснома супорида шуд.












Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






