Кони ангишти «Камароб» ба муассисаҳои буҷавии ноҳияи Рашт 1300 тонна ангишт дастрас намуд
РАШТ, 05.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кони ангишти «Камароб» дар баландии беш аз 3500 метр дар дараи Камароби ноҳияи Рашт воқеъ мебошад. Соли равон ҶДММ «Камароб» аз ин кон 37 ҳазору 900 тонна ангишт истихроҷ намуда, ба корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ ва хоҷагии халқи мамлакат пешниҳод намуд. Тибқи иттилои масъулини ҶДММ «Камароб», аз сабаби дер омадани фасли зимистон онҳо имсол нисбат ба нақшаи пешниҳодгардидаи истихроҷи ангишт 2900 тонна зиёдтар ангишт истихроҷ намудаанд.
ҶДММ «Камароб» дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018» бо муассисаҳои буҷавии ноҳияи Рашт шартнома баста, тибқи талаботи ин муассисаҳо 1300 тонна ангишт ворид намудааст.
Роҳбарияти ширкат дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маъюбони ноҳияи Лахш 40 тонна, маъюбони ноҳияи Тоҷикобод 25 тонна, ба хона-интернати шаҳри Ҳисор 32 тонна, ба ниёзмандону ятимон ва маъюбони ноҳияи Рашт 120 тонна ва ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Рашт 40 тонна ангишт ройгон кумак расониданд.








Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих






