Кони ангишти «Камароб» ба муассисаҳои буҷавии ноҳияи Рашт 1300 тонна ангишт дастрас намуд

Декабрь 5, 2017 16:23

РАШТ, 05.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кони ангишти «Камароб»   дар баландии беш аз 3500 метр дар дараи Камароби ноҳияи Рашт воқеъ мебошад. Соли равон ҶДММ «Камароб» аз ин кон 37 ҳазору 900 тонна ангишт истихроҷ намуда, ба корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ ва хоҷагии халқи мамлакат пешниҳод намуд. Тибқи иттилои масъулини ҶДММ «Камароб»,  аз сабаби  дер омадани фасли зимистон онҳо имсол нисбат ба нақшаи пешниҳодгардидаи истихроҷи ангишт  2900 тонна зиёдтар ангишт истихроҷ намудаанд.

ҶДММ «Камароб»  дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ  барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018»  бо муассисаҳои буҷавии ноҳияи Рашт шартнома баста, тибқи талаботи ин муассисаҳо 1300 тонна ангишт  ворид намудааст.

Роҳбарияти ширкат дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба маъюбони  ноҳияи Лахш 40 тонна,  маъюбони ноҳияи Тоҷикобод  25 тонна, ба хона-интернати шаҳри Ҳисор 32 тонна, ба ниёзмандону ятимон ва маъюбони ноҳияи Рашт 120 тонна ва ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Рашт 40 тонна ангишт  ройгон кумак расониданд.

Декабрь 5, 2017 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар