«Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд»-бардошт аз Паёми Пешвои миллат
ДУШАНБЕ, 25.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти кишвар ва ҳар як шаҳрванди он ҳодисаи муҳими сиёсӣ ба шумор меравад. Он Паёме буд, ки бо зикри дастовардҳои соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, арзёбии фаъолияти ҳар як самту соҳаи иқтисодию иҷтимоии кишвар, интиқоди камбудиҳои ҷойдошта ва баёни нақшаву дастурҳо ба кулли тоҷикону тоҷикистониён ифтихор бахшид. Тавре дар оғози суханронии Пешвои миллат таъкид шуд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад». Ин қадамҳои устувор мансуб ба соҳаҳои мухталифи ҷумҳурӣ баъдтар як-як шарҳу тафсир шуда, дастуру тавсияҳои ҳатмӣ ба муассисаҳову шахсони масъул дода шуданд.
Дар моҳи марти соли 2018 ду рӯйдоди муҳим моро интизоранд. Дар баробари таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз ҷониби СММ 22 март Рӯзи ҷаҳонии об эълон шудааст ва дар ин рӯз Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 расман оғоз мегардад, ки он ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад.
Қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал – «Об барои рушди устувор», 2018-2028 мо, аҳли илму фарҳанг ва санъатро намегузорад, ки бетараф бошем. Мавзӯи гиромидошт ва истифодаи оқилонаи об дар ҳар давру замон муҳим будааст. Бо истифода аз ин сатрҳо тамоми кормандони соҳаҳои аҳли эҷодро даъват мекунам, дар масъалаи омӯзиш ва таҳқиқи паҳлуҳои гуногуни об таваҷҷуҳ карда, асарҳои арзишманди илмӣ, адабӣ, ҳунарӣ, таърихӣ ва монанди инҳоро эҷод кунем ва дар татбиқи амалии ин қатъномаи бонуфузи ҷаҳонӣ ибтикори Пешвои миллатамонро ҷонибдорӣ ва пайравӣ намоем. Намунаҳои беҳтарини асарҳои эҷодкардаамонро ба забонҳои хориҷӣ тарҷума намуда, тавассути мақолаву китобҳо, сомонаҳои Интернет ва созмон додани намоишҳои ҳунарӣ ба ҷаҳониён нишон диҳем, ки миллати тоҷик бо роҳбаладии Пешвои муаззами худ яке аз узвҳои муассири ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари масъалаҳои муҳими соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, инчунин ба рушди туризм, таблиғи намунаҳои беҳтарини фарҳанги миллӣ тавассути сабти онҳо дар феҳристҳои ЮНЕСКО ва дастгирии ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Ин самтҳо дар асл пайванди якдигар буда, бо мақсади муаррифии фарҳанги тоҷикон ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми шарифи кишвар матраҳ шудаанд. Маҳсулоти ҳунармандӣ ва намунаҳои фарҳанги суннатӣ яке аз василаҳои ҷалби сайёҳон маҳсуб мешаванд. Кишвари мо дорои табиати зебою афсункор ва фарҳанги нотакрор буда, метавонад ҳамасола ҳазорон сайёҳону табиатдӯстонро ба сӯи худ ҷалб созад. Аз ин хотир, аз ҷониби Сарвари давлат Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 ба пешрафту тараққӣ додани сайёҳӣ ва тақвият ёфтани касбу ҳунарҳои мардумӣ дар кишвар заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Дастгирии воқеии дигари косибону ҳунармандон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурӣ, ки Пешвои миллат дар Паёми худ таъкид намуданд, аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод кардани маҳсулоти ҳунармандӣ мебошад. Ин ҳама тадбирҳо бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ андешида шудаанд.
Воқеан, мазмуни Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди кишвар баҳри ободонӣ, рушду пешрафт ва шукуфоии ҷумҳурии азизамон дастур ва тавсияномаи дақиқу амиқ мебошад. Зеро тавре Пешвои миллат дар поёни суханрониашон зикр намуданд: «мардуми шарифи Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд».
Дилшод РАҲИМОВ, муовини директори
Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад






