«Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд»-бардошт аз Паёми Пешвои миллат

Декабрь 25, 2017 16:35

ДУШАНБЕ, 25.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти кишвар ва ҳар як шаҳрванди он ҳодисаи муҳими сиёсӣ ба шумор меравад. Он Паёме буд, ки бо зикри дастовардҳои соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, арзёбии фаъолияти ҳар як самту соҳаи иқтисодию иҷтимоии кишвар, интиқоди камбудиҳои ҷойдошта ва баёни нақшаву дастурҳо ба кулли тоҷикону тоҷикистониён ифтихор бахшид. Тавре дар оғози суханронии Пешвои миллат таъкид шуд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад». Ин қадамҳои устувор мансуб ба соҳаҳои мухталифи ҷумҳурӣ баъдтар як-як шарҳу тафсир шуда, дастуру тавсияҳои ҳатмӣ ба муассисаҳову шахсони масъул дода шуданд.

Дар моҳи марти соли 2018 ду рӯйдоди муҳим моро интизоранд. Дар баробари таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз ҷониби СММ 22 март Рӯзи ҷаҳонии об эълон шудааст ва дар ин рӯз Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 расман оғоз мегардад, ки он ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад.

Қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал – «Об барои рушди устувор», 2018-2028 мо, аҳли илму фарҳанг ва санъатро намегузорад, ки бетараф бошем.  Мавзӯи гиромидошт ва истифодаи оқилонаи об дар ҳар давру замон муҳим будааст. Бо истифода аз ин сатрҳо тамоми кормандони соҳаҳои аҳли эҷодро даъват мекунам, дар масъалаи омӯзиш ва таҳқиқи паҳлуҳои гуногуни об таваҷҷуҳ карда, асарҳои арзишманди илмӣ, адабӣ, ҳунарӣ, таърихӣ ва монанди инҳоро эҷод кунем ва дар татбиқи амалии ин қатъномаи бонуфузи ҷаҳонӣ ибтикори Пешвои миллатамонро ҷонибдорӣ ва пайравӣ намоем. Намунаҳои беҳтарини асарҳои эҷодкардаамонро ба забонҳои хориҷӣ тарҷума намуда, тавассути мақолаву китобҳо, сомонаҳои Интернет ва созмон додани намоишҳои ҳунарӣ ба ҷаҳониён нишон диҳем, ки миллати тоҷик бо роҳбаладии Пешвои муаззами худ яке аз узвҳои муассири ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари масъалаҳои муҳими соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, инчунин ба рушди туризм, таблиғи намунаҳои беҳтарини фарҳанги миллӣ тавассути сабти онҳо дар феҳристҳои ЮНЕСКО ва дастгирии ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Ин самтҳо дар асл пайванди якдигар буда, бо мақсади муаррифии фарҳанги тоҷикон ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми шарифи кишвар матраҳ шудаанд. Маҳсулоти ҳунармандӣ ва намунаҳои фарҳанги суннатӣ яке аз василаҳои ҷалби сайёҳон маҳсуб мешаванд. Кишвари мо дорои табиати зебою афсункор ва фарҳанги нотакрор буда, метавонад ҳамасола ҳазорон сайёҳону табиатдӯстонро ба сӯи худ ҷалб созад. Аз ин хотир, аз ҷониби Сарвари давлат Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 ба пешрафту тараққӣ додани сайёҳӣ ва тақвият ёфтани касбу ҳунарҳои мардумӣ дар кишвар заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Дастгирии воқеии дигари косибону ҳунармандон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурӣ, ки Пешвои миллат дар Паёми худ таъкид намуданд, аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод кардани маҳсулоти ҳунармандӣ мебошад. Ин ҳама тадбирҳо бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ андешида шудаанд.

Воқеан, мазмуни Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди кишвар баҳри ободонӣ, рушду пешрафт ва шукуфоии ҷумҳурии азизамон дастур ва тавсияномаи дақиқу амиқ мебошад. Зеро тавре Пешвои миллат дар поёни суханрониашон зикр намуданд: «мардуми шарифи Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд».

 

Дилшод РАҲИМОВ, муовини директори

Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Декабрь 25, 2017 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪТИЛРО БОСАМАР ГУЗАРОНЕМ! Таҳти ин шиор Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон озмуни китобхонии фосилавиро эълон намуд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон 46 машварати сайёри ҳуқуқӣ гузаронид
Пагоҳ дар Агентии хизмати давлатӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Академияи идоракунии давлатӣ ва Саридораи геология нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Вазорати энергетика: «Воридот ва нархи гази моеъ таҳти назорати мақомоти ваколатдори соҳа қарор дорад»
«ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ». Дар басти сеюми ин лагер 410 кӯдаку наврас ба истироҳат фаро гирифта шуд
Суҳбат дар баландӣ. Сокинони ВМКБ бо топ-менеҷерони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» мулоқот намуданд
Дар Кӯлоб вобаста ба саҳми шуроҳои ҷамъиятӣ дар амалишавии ислоҳоти милитсия ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шудааст
Имрӯз дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва МД «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ заминҳои кишоварзии ноҳияи Деваштич обёрӣ гардиданд
Таътили тобистонаи хонандагон дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол»-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бофароғат мегузарад
Пагоҳ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва МД «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад