Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Конфедератсияи Швейтсария Дорис Лойтҳард

Декабрь 9, 2017 08:00

ДУШАНБЕ, 09.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Конфедератсияи Швейтсария Дорис Лойтҳард ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Ҳамин тавр, дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Конфедератсияи Швейтсария Дорис Лойтҳард, аз ҷумла, омадааст:

«Хонуми Олиҷоҳ,

Сарфарозам Шуморо ба муносибати 25-мин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария самимона табрику таҳният гӯям.

Боиси қаноатмандист, ки тайи давраи сипаришуда байни кишварҳои ба ҳам дӯсти мо дар пояи ҳусни тафоҳум, баробарҳуқуқӣ ва эҳтироми ҳамдигар муносиботи ҳамкориҳои дар воқеъ ҳам ҳасанаи байнидавлатӣ ташаккул ёфта, хислати рушди зина ба зинаро касб кардаанд ва имрӯз дар марҳалаи тавсеаи минбаъдаи худ қарор доранд.

Мо кишвари Швейтсарияро шарики боэътимод ва муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ дониста, аз дастгириву мусоидати пайвастаи ҳукумати он дар таҳкими пояҳои соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон сидқан сипосгузорем.

Ҷониби Тоҷикистон густариши бемайлони ҳамкориҳои гуногунарсаи судманди худро бо Швейтсария ҷавобгӯ ба манфиатҳои олии хеш медонад ва мо ҳамеша омодаем, ки баҳри таҳкими минбаъдаи онҳо дар ҳамаи сатҳҳо саъйю талошҳои зарурӣ ба харҷ диҳем.

Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш ба Хонуми Олиҷоҳ сиҳатии комилу саодатмандӣ ва пирӯзиҳои навин, ба мардуми дӯсти Швейтсария  хушрӯзиҳои минбаъда ва пешрафту шукуфоӣ хоҳонам».

Дар барқияи табрикии Президенти Конфедератсияи Швейтсария Дорис Лойтҳард ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Ба муносибати 25-умин солгарди муносибатҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария, мехоҳам барои робитаҳои дӯстии босубот байни халқҳоямон изҳори сипос кунам.

Дар баробари рушди мусбии робитаҳои дуҷониба дар 25 соли сипаригардида мехоҳам ҳамчунин ба ҳамкориҳои бомуваффақиятамон дар доираи муассисаҳои Бретон-Вудс ишора намоям.

Швейтсария ва Тоҷикистон ҳамчун кишварҳои кӯҳӣ, ки новобаста аз захираҳои бойи об ба роҳҳои баҳрӣ дастрасӣ надоранд, ба идоракунии босуботи захираи обҳои фаромарзӣ ва истифодаи он баҳри некӯаҳволии ҳамагон, ҳамчунин ба сатҳи ҳамкориҳои зичи худ дар ин ҷода баҳои баланд медиҳанд.

Изҳори умедворӣ менамоем, ки ҷаҳду талошҳои муштараки мо баҳри татбиқи ташаббуси «Сулҳи нилгун дар Осиёи Марказӣ» ба рушди муколамаи ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ дар масоили марбут ба об ва чолишҳои муҳити зист мусоидат хоҳанд кард.

Дар рӯҳияи дӯстӣ ба Шумо ва халки тоҷик тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорам.

Иҷозат фармоед, ҷаноби Олӣ, ғояти эҳтироми худро таҷдид намоям».

Декабрь 9, 2017 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд