Муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникии Тоҷикистону Чин тавсеа меёбанд

Декабрь 19, 2017 15:42

ДУШАНБЕ, 19.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҳамоиши имрӯза соҳибкорони ватанӣ имкон доранд аз ҷумҳурӣ набаромада, бо молу маҳсулот ва таҷҳизоти муаррифинамудаи ширкатҳои бонуфузи музофоти Шандун, Хенан, Хубей ва музофоти мухтори Синҷон-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин шинос гардида, шарикони ҳамкори худро пайдо намоянд. Ин нуктаро имрӯз муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Манзура Рустамова зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ҳамоиши соҳибкорони Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошт.

Мавриди зикр аст, ки ҳамоиши мазкур дар Муассисаи давлатии «Кохи Борбад» дар доираи Намоишгоҳи «Истеҳсоли Хитой»-Тоҷикистон 2017» баргузор гардид.

Ҳадафи асосии ҳамоиш рушди муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникӣ дар асоси баробарӣ ва манфиати тарафайн, таъсиси корхонаҳои муштарак, дарёфти шарикон, ҷалби сармояву технологияҳои муосир, афзоиши ҳаҷми муомилоти моли дуҷониба ва ноил гардидан ба беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардуми ҳарду кишвар арзёбӣ гардид.

Зикр гардид, ки имрӯз даҳҳо корхонаҳои муштараки Ҷумҳурии мардумии Чин дар Тоҷикистон фаъолият доранд, ки ин сабаби  рушди фазои саромоягузорӣ гардидааст.

«Имрӯзҳо байни соҳибкорони Тоҷикистон ва Чин корхонаҳои муштарак созмон дода шуда, молу маҳсулоти рақобатпазир ва бо истифода аз ашёи хоми ватанӣ истеҳсол мешаванд»,-зикр намуд Манзура Рустамова.

Ван Сзинху, директори ширкати техналогияҳои обии «Делан» дар суҳбат бо мо гуфт, ки онҳо аз ҳамкорӣ бо дӯстони тоҷик хеле қаноатманданд ва дар оянда ният доранд чунин намоишгоҳҳоро зиёдтар пешкаши тамошобинони Тоҷикистон намоянд.

«Мо дар ин намоиш чор намуд таҷҳизоти обгузаронро ба намоиш гузоштаем, ки инҳо аз 4 қисм иборат буда, обро тоза менамоянд. Ин таҷҳизот ихтирои нави  ширкати «Делан»  буда, онро аввалин маротиба  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудаем. Умед мебандем, ки дар оянда ҳамкориро бо мамлакати шумо аз ин ҳам  мустаҳкамтар намоем»,- иброз намуд Ван Сзинху.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз дар Муасссисаи давлатии «Кохи Борбад» маросими расмии оғози Намоишгоҳи «Истеҳсоли Хитой»-Тоҷикистон 2017» баргузор гардид.

 Дар намоишгоҳ зиёда аз 70 ширкат ва корхонаҳои бонуфузи музофоти Шандун, Хенан, Хубей ва музофоти мухтори Синҷон-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуданд.

Декабрь 19, 2017 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд