Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
КӮЛОБ, 11.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм (11 феврал) конфронси байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ иттилоъ доданд.
Муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Одинамо Шарифзода иброз дошт, ки «занон бо дониш, заковат, заҳмати созанда ва масъулияти баланд дар ғанӣ гардонидани илми ҷаҳонӣ, таҳкими робитаҳои илмӣ ва рушди ҳамкории байналмилалӣ нақши калидӣ доранд. Дар партави татбиқи сиёсати маорифпарварона ва ҳидоятгаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат ба мавқеъ ва манзалати занон дар ҷомеа, фаъолгардонии нақши онҳо, таъйин намудани занону духтарони фаъолу кордон ба вазифаҳои роҳбарикунанда сол то сол таваҷҷуҳ зоҳир гардида, дар ин раванд дар арсаи илму маориф, риштаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ, фарҳангу варзиш ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ занону духтарон ба дастовардҳои беназир мушарраф мегарданд».
Дар конфронси байналмилалӣ беш аз 50 маърузаи профессорон ва омӯзгорон оид ба бахшҳои гуногун мавриди баррасӣ ва хулосабарорӣ қарор дода шуд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ











Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд






