Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
ТУРСУНЗОДА,11.02.2026 /АМИТ«Ховар»/. 10 феврал дар шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез (12 феврал) ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ«Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати ташаббускор дар масъалаҳои глобалии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти пешгирии экстремизм ва терроризм мавқеи пешоҳангӣ касб намудааст. Дар мамлакат барои пешгирии ин зуҳуроти хатарнок тадбирҳои муассир андешида шуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва стратегияю барномаҳои давлатӣ қабул ва мавриди амал қарор доранд.
Иброз гардид, ки варзиш дар пешгирии экстремизм нақши муҳим дошта, ҷавононро аз муҳити хавфнок дур нигоҳ медорад. Он руҳияи ҳамкорӣ, эҳтироми қонун ва таҳаммулпазириро тарбия намуда, неруи ҷавононро ба рақобати солим ҳидоят менамояд. Варзиш тавассути ташаккули одатҳои солими зиндагӣ интизом ва масъулиятро баланд бардошта, бо ҳамин роҳ сабабу омилҳои ҷалбшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиро коҳиш медиҳад.
Бояд гуфт, ки қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид 12-уми февралро Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез эълон намуда, ба кишварҳои аъзои ин созмон тавсия медиҳад, ки дар ин рӯз чорабиниҳои фаҳмондадиҳию таблиғотӣ ва фарҳангию варзишӣ баргузор намоянд.
Ёдовар мешавем, ки аз 10 то 12 феврали соли 2026 дар саросари мамлакат таҳти шиори «Мо, ҷавонон- зидди зӯроварӣ ва ифротгароӣ» мусобиқаҳои варзишӣ, ба мисли гӯштини миллӣ, волейбол, шоҳмоту шашка, футбол ва дигар намудҳои варзиш гузаронида мешаванд. Ин чорабиниҳо аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда, ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез бахшида шудаанд.
Дар чорабиниҳои варзишӣ наврасону ҷавонон, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, мактабҳои варзишӣ ва донишҷӯёни коллеҷу донишкадаҳои ҷумҳурӣ иштирок доранд. Ба ғолибони мусобиқаҳо Диплом ва туҳфаҳо супорида мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд






