ОБ ЗАХИРА КУНЕД! Дар маҳаллаҳои 92, 82, 101, 102, 112, Испечак-1,2, Қазоқон-1,2, Ободкорон, Бунёдкорон ва кӯчаи Н.Махсуми шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ як шабонарӯз қатъ мегардад
ДУШАНБЕ, 20.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пайваст намудани қубурҳои хобонидашудаи қутрашон 600 мм ба қубурҳои амалкунанда дар иншооти «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – Турсунзода – сарҳади Ӯзбекистон (аз пайкараи А.Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе), мавқеи километрҳои аз 1,2 то 1,9 хиёбони Н. Махсум» интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди ноҳияи Сино- дар маҳаллаҳои 92, 82, 101, 102, 112, Испечак-1,2, Қазоқон-1,2, Ободкорон, Бунёдкорон ва кӯчаи Н.Махсум аз соати 22:00 рӯзи 20 декабр то соати 24:00 рӯзи 21 декабри соли 2017 қатъ мегардад.
Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар дода, аз сокинони маҳаллаҳои мазкур хоҳиш карданд, ки миқдори зарурии оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






