ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон фаромадани туман дар назар аст

Декабрь 8, 2017 09:06

ДУШАНБЕ, 8.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда,  абрноки бебориш ва дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва  рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.

Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, абрноки бебориш  ва  баъзан фаромадани туман дар назар дошта шудааст.

Тибқи маълумоти обуҳавошиносон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок ва бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7  дараҷа хунук ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят  шабона  10-15 дараҷа хунук ва  рӯзона аз як дараҷа хунук то  4 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд низ ҳавои абрнок ва бебориш пешгӯӣ гардида, ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 9 -14 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок ва бебориш дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок ва бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2-4 ва рӯзона 15-17 дараҷа гарм мешавад.

Декабрь 8, 2017 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад