Парлумони Тоҷикистон ба густариши муносибот бо Озарбойҷон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд
ДУШАНБЕ, 27.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аббосалӣ Гасановро ба муносибати ба анҷом расидани фаъолияти дипломатияш дар кишвари мо бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Зимни мулоқоти судманду самимӣ Шукурҷон Зуҳуров иброз намуд, ки ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон бо барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ аз 29 майи соли 1992 оғоз гардид.
Парлумони Тоҷикистон ба густариши муносибот бо Ҷумҳурии Озарбойҷон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд, зеро мардуми моро дӯстӣ, арзишҳои муштараки фарҳангӣ ва расму ойин аз давраҳои қадим пайванд додаанд.
Ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо Озарбойҷон ба таври анъанавӣ ва дар рӯҳияи эҳтиром ва шарикии тарафайн густариш меёбад. Байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкорӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ, мисли СММ, САҲА ва ИДМ ба роҳ монда шудааст.
Давлатҳои мо ҳавасмандии худро барои минбаъд боз ҳам бештар ривоҷ додани ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ-иқтисодӣ, аз ҷумла, дар бахши ҳуқуқ, тандурустӣ, кишоварзӣ, сиёсати чавонон, варзиш, туризм ва ғайра зоҳир менамоянд.
Дар мулоқот ҳамчунин зикр гардид, ки гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории парлумонҳои ду мамлакат дар ин замина корҳои зиёдеро дар самти тақвияти маҷмӯи қарордодиву ҳуқуқии ҳамкории байнидавлатӣ ва мусоидати парлумонӣ барои таҳкими фаъолияти Комиссияи байнипарлумонӣ, махсусан дар бахши мавриди иҷро қарор гирифтани қарордод ва созишномаҳои имзошуда анҷом додаанд.
Шукурҷон Зуҳуров аз сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон ёдовар шуда, ин сафарро саҳифаи нави пурсамаре дар муносибатҳои дӯстонаи ҳарду давлати ба ҳам дӯсту бародар хонд.
«Мо аз ин сафар таассуроти хеле хубе барои худ бардоштем ва бисёр масъалаҳоро матраҳ намудем. Мо Шуморо ҳамчун сафири муваффақтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша бо некӣ ёд мекунем. Дар симои Шумо ба ҳама мардуми баору номуси Озарбойҷон муваффақияту комёбиҳо орзу менамоям»,-иброз дошт Шукурҷон Зуҳуров.
Дар навбати худ дипломати озарӣ таъкид намуд, ки «аз мулоқот бо Шумо, муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров, аз таҳти дил хушҳолам ва ибрози хушнудӣ менамоям, ки дар ҷумҳурие, чун Тоҷикистон софдилона ба нафъи ҳарду давлати бо ҳам дӯсту бародар хизмат кардам».
Сафир ҳамчунин иброз намуд, ки «Парлумон бавуҷудорандаи фазои ҳуқуқиву қонунӣ ҷиҳати густариши муносиботи давлаташ бо ҷумҳуриҳои дигар дар ҳамаи заминаҳо мебошад ва нақши намояндагони халқ дар беҳтар гардидани ҳамкорӣ бо дигар мамлакатҳо хеле муҳим ва арзанда аст».
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Озарбойҷон ба марҳилаи нав ворид карда шуда, дар оянда барои тақвияти ин равобит тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.








Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Пагоҳ Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ду созишнома ба тасвиб расид
6 феврал Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима гардид
Қонунҳои марбут ба партовҳо ва хоҷагии ёрирасон дар кумитаи Маҷлиси миллӣ баррасӣ шуданд






