Паёми Пешво–роҳнамои мо
ДУШАНБЕ, 25.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. 22 декабр дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон тамошои пахши мустақими телевизионии Паёми солонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суратпазир гардид. Дар чорабинии мазкур кормандони Сафорат, курсантҳои Омӯзишгоҳи олии ҳарбии ба номи Ҳайдар Алиев, инчунин дигар донишҷӯёни тоҷике, ки дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд ва фаъолони ҷамъиятии тоҷик ширкат варзиданд.
Дар Паёми навбатии хеш Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи кунунии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дода, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, таъмини рушди иқтисодиёт, саноат, энергетика, туризм ва маорифро барои солҳои 2018 муайян намуд.
Дар фароянди тамошои Паём Сафир Рустам Солӣ бо иштирокдорон мулоқот анҷом дода, аз дипломатҳо ва донишҷӯён дархост ба амал овард, ки дар фаъолияти хеш тибқи дастуру супоришҳое, ки зимни Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо доданд, амал намуда, тамоми талошҳои худро баҳри татбиқи онҳо равона созанд.








Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Данғара таҳти унвони «Ҷомеаи солим маҳсули оилаи солим аст» иқдоми маърифатӣ доир шуд
4945 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 44 дараҷа гарм мешавад






