Пешвои миллат зимни пешниҳоди Паём аз хавфу хатари терроризм ба суботу амнияти сайёра изҳори нигаронӣ карданд
ДУШАНБЕ, 27.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Парлумони мамлакат «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба масъалаи рӯзмарраи байналмилалӣ – тақвияти мубориза ба муқобили зуҳуроти терроризм ва таъмини суботи минтақа аҳамияти хосса доданд. Муҳим будани мавзӯъро Пешвои миллат чунин шарҳ доданд: «Дар соле, ки сипарӣ шуда истодааст, мо шоҳиди содир шудани амалҳои мудҳиши террористӣ дар Осиёву Африқо ва Аврупову Амрико гардидем ва қариб рӯзе нест, ки сокинони ин ё он гӯшаи ҷаҳон қурбони ҷиноятҳои террористӣ нагарданд».
Мутаассифона, бо вуҷуди чунин вазъи ташвишовар, дар арсаи байналмилалӣ то ҳол таърифи ягонаи мафҳумҳои «терроризм» ва «террорист» вуҷуд надорад, ки ин ҳолат ба истифодаи меъёрҳои дугона ва духӯрагиву гуногунфаҳмиҳо мусоидат карда истодааст. Вобаста ба ин, Сарвари давлати тоҷикон таъкид карданд: «Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад. Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба омилҳои нооромкунандаи вазъ ва тадбирҳои ҷавобии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати нигоҳ доштани суботу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳор карданд, ки «хатарҳои замони муосир, вазъият дар Ховари Миёна, бахусус, вазъи Афғонистони ҳамсоя моро водор месозанд, ки ба масъалаи таъмини амният диққати аввалиндараҷа диҳем. Бахусус, дар қаламрави Афғонистон пайдо шудани террористони ба ном «Давлати исломӣ», ки баъзе шаҳрвандони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ ба он шомиланд, вазъро боз ҳам ноором намуда, боиси ташвиши давлатҳои ҳамсоя гардидааст. Тоҷикистон, ки бо Афғонистон сарҳади тӯлонӣ дорад, ба ин масъала бетафовут буда наметавонад. Вазъи имрӯзаи сарҳад бо Афғонистон низ моро водор менамояд, ки ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем».
Зимнан, бояд гуфт, ки дарозии хати сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон 1 400 километр буда, дар ҳимояи марзи давлатӣ афсарону сарбозони қӯшунҳои сарҳадӣ далериву шуҷоат нишон дода, ҷоннисорӣ мекунанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин омили дигари таъсиррасон ба вазъи амният ва ташвишовар барои таъмини субот дар сарҳади давлатиро нишон дода, зикр карданд, ки «мушкилоти дигари бо вазъи Афғонистон алоқаманд муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад».
Ба ҳама маълум аст, ки муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризми байналмилалӣ ва нооромиҳо дар ҷаҳон ба шумор меравад.
Тибқи маълумоти расмии Созмони Милали Муттаҳид, имсол майдони кишти ин зироат 63 фоиз зиёд шуда, то ба 328 ҳазор гектар расидааст ва дар назар аст, ки истеҳсоли маводи мухаддир нуҳ ҳазор тоннаро дар муодили афюн ташкил хоҳад кард ва кӯшиши интиқоли қисми муайяни ин мавод тавассути кишвари мо низ сурат хоҳад гирифт.
Сарвари давлат натиҷаҳои фаъолияти ниҳодҳои дахлдори Тоҷикистонро ҷиҳати пешгирӣ намудани муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир бо рақамҳои мушаххас баён карданд. Аз ҷумла, таъкид карда шуд, ки аз соли 1994 инҷониб аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 121 тонна маводи нашъаовар мусодира карда шудааст, ки зиёда аз 34 тоннаи онро героин ташкил додааст. «Ин миқдор маводи мухаддир метавонист қариб 53 миллион нафарро гирифтори бемории нашъамандӣ ва ҳамин қадар оилаҳоро бадбахт гардонад», — таъкид намуданд Эмомалӣ Раҳмон.
Муборизаи мақомоти дахлдори Тоҷикистон дар ин самт минбаъд низ идома дода мешавад: «Зарур аст, ки мубориза бар зидди маводи мухаддир аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовар ва дигар сохтору мақомот боз ҳам пурзӯр гардида, дар ин самт тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд».
Сарвари давлат ҳамчунин аз афсарону сарбозони шуҷои Ватан даъват карданд, ки ҳамеша дар муқобили хатарҳои эҳтимолӣ дар ҳолати омодабош қарор дошта бошанд: «Дар шароити мураккабу печидаи ҷаҳони муосир хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки барои ҳимояи марзу буми давлати соҳибистиқлоламон, ҳифзи суботи сиёсӣ ва қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ доим омода бошанд».
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудааст: «Мо ба фарзандони ҷасуру далери халқамон – ҳомиёни Ватани маҳбубамон эътимоди комил дорем ва бо онҳо ифтихор мекунем. Дар баробари ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагиву хизмати низомиён, мустаҳкам гардонидани асосҳои моддиву техникии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, бунёди инфрасохтори муосири ҳифзи сарҳад, таъмин намудани сохтору мақомоти зикршуда бо кадрҳои баландихтисоси ҳарбӣ тадбирҳои зарурӣ андешад».