«Помирэнерҷӣ» барои соҳибкорони ҷавон давраи якҳафтаинаи омӯзишӣ роҳандозӣ кард: ҳадаф-рушди соҳибкории хурду миёна дар Бадахшон

Декабрь 21, 2017 08:55

ХОРУҒ, 21.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Соҳибкорони ҷавон аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо кумаки молии ширкати «Помирэнерҷӣ» давоми як ҳафта дар давраи  омӯзишӣ бо тарзи таҳияи лоиҳаи бизнес-нақша,  харҷу дахли буҷа, роҳҳои ҳамкорӣ бо шарикон, қоидаҳои андозбандӣ ва амсоли инҳо шинос шуданд. Директори генералии ширкати «Помирэнерҷӣ» гуфт, ки ҳадафи давраи омӯзишӣ- ҷалби ҳарчӣ бештари ҷавонон ба соҳибкории хурду миёна аст. Ин қадами аввал ба самти соҳибкории истеҳсолӣ аст, ки ҳукумати ҷумҳурӣ ба он аҳамияти калон зоҳир намуда, ба соҳибкороне, ки ба бунёди корхонаву коргоҳҳои тавлидотӣ машғул мешаванд, имтиёзҳои қобили мулоҳиза муқаррар намудааст. Дар рушди соҳибкорӣ бахши хусусӣ низ саҳми муассир гузошта метавонад. Инро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо соҳибкорон таъкид карда, изҳор доштанд, ки  «Ҳукумати Тоҷикистон минбаъд низ доир ба таҳким бахшидани шарикии давлат ва бахши хусусӣ, тавсеаи моликияти хусусӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорон ва баланд бардоштани мавқеи соҳибкорӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад».

Соҳибкорони ҷавон пас аз давраи омӯзишӣ бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни кор дар корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ба вилояти Суғд сафар карданд. Баъди бозгашт лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи онҳо аз сӯи коршиносони масоили иқтисодӣ ва соҳибкорони муваффақ  таҳлилу баррасӣ шуданд. Аз шаш лоиҳа, ки ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, сохтмонӣ, маводи сӯхт, бунёди ҳаммом, шустушӯи либосу палос ихтисос ёфта буданд, се лоиҳа интихоб гардид. Барои дар амал татбиқ намудани ин лоиҳаҳо ширкати «Помирэнерҷӣ» наздики 70 ҳазор сомонӣ ҷудо кард. Масъулини ин ширкат иброз доштанд, ки баъд аз ин ҳамасола чунин давраҳои омӯзиширо барои соҳибкорони ҷавон роҳандозӣ карда, мекӯшанд лоиҳаҳои ҳаҷман бузургтарро сармоягузорӣ намоянд.

Раиси Ассотсиатсияи соҳибкорони вилоят Боимамад Алибахшов ин иқдоми ширкати «Помирэнерҷӣ»-ро шоистаи ибрат номида, аз дигар корхонаву муассисаҳои хусусӣ, ки сармояи кофӣ доранд, даъват намуд, ки соҳибкорони ҷавонро дастгирӣ намоянд.

Декабрь 21, 2017 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд