Рустами Эмомалӣ: «Футболи тоҷик дар марҳилаи ислоҳоту таҳаввулоти бунёдӣ қарор дорад»

Декабрь 29, 2017 11:15

ДУШАНБЕ, 29.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Боз як соли футболи кишвар, ки саршор аз таассуроти фаромӯшнопазир, эҳсосоти мусбат ва ғалабаҳои беназир буд, пушти сар мешавад. Соли 2017 барои футболи тоҷик чӣ гуна сол буд, чӣ дигаргуниҳо овард ва ҳоло дар иртибот ба рушди минбаъдаи футболи кишвар кадом тадбиру нақшаҳо дар назаранд? Дар ин бора ба таври муфассал Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ зимни мусоҳибаи хеш дар сомонаи расмии ФФТ ибрози назар кардааст.

— Тайи солҳои охир бо дастгирию ҳидоятҳои ҳамвораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш бо шумули футбол ба таври бесобиқа рушду ривоҷ ёфт. Футболи мо ҳоли ҳозир марҳилаи ислоҳоту таҳаввулоти бунёдиро пушти сар менамояд. Корҳо дар самти ислоҳоти куллии сохтори футбол ҳамаҷониба роҳандозӣ гардида, талошу ташаббусҳо баҳри ба талаботи ҷаҳони муосир мувофиқ намудани зербинои он идома доранд. Бо мақсади такмили фаъолияти ташкилотчигӣ, сохтори нави Федератсияи футболи Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки ҷавобгӯи талаботи ҷаҳони муосир мебошад.

Дар футбол натиҷаҳо худ ба худ ба даст намеоянд, балки заҳмати сангину мунтазамро тақозо намуда, ба ҳосили кори ҳамарӯзаву самарабахш табдил меёбанд.

Тайи солҳои охир ФФТ борҳо баҳои баландтарини Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) ва Конфедератсияи футболи Осиёро (АФК) сазовор гардида, эътимоди ин созмонҳои бонуфузро дар самти роҳандозии мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ сазовор гардид.

Соли гузашта гурӯҳи коршиносони Федератсияи футболи Тоҷикистон бо дарназардошти асноди меъёриву ҳуқуқии амалкунандаи марбут ба тарҳрезии дурнамо ва рушди минбаъдаи футбол дар сатҳи ҷумҳуриву  минтақа нақшаи рушди стратегии футболро таҳия намуд. Ҳадафи асосии ФФТ дар давраи солҳои 2017 то 2026-ин татбиқи муваффақонаи нақшаи стратегӣ ба шумор меравад, ки он тамаркузи тамоми неруро дар самти расидан ба мақсадҳои мавриди назар тақозо менамояд.

— Ба андешаи Шумо метавон соли 2017-ро барои футболи тоҷик соли бобарор унвон намуд?

— Мавсими сипаригардидаро тайи чанд соли охир яке аз муваффақтарин мавсимҳои футболи тоҷик метавон унвон кард. Дуруст аст, ки соли 2017 басо мушкилу моломол аз маъракаҳои футбол дар кишвар буд, вале ҳамзамон шодию шӯру шавқро низ дар таркиб дошт.

Рӯйдодҳои равшану рахшон, пирӯзиҳо ва таассуроту эҳсосоти мусбат афзун буд. Қабл аз ҳама, мехостам махсусан комёбии се дастаи мунтахаби кишварро дар марҳилаҳои интихобии Чемпионати Осиё таъкид намоям.

Дастаҳои мунтахаби наврасон ва ҷавонони кишвар қобил ба дарёфти роҳхати марҳилаи ниҳоии Чемпионати Осиё гардиданд. Ин эътибору шараф ба онҳо дар мусобиқоти интихобие, ки дар сарзамини мо, саҳеҳтараш дар шаҳри Ҳисор сурат гирифтанд, баъди дар садри ҷадвали натиҷаҳо қарор гирифтанашон муяссар гардид.

Дер боз футболи тоҷик дар таърихи худ чунин рӯйдоди фараҳбахшеро, ки ду  дастаи мунтахаби мамлакат – ҳам наврасон ва ҳам ҷавонон дар як мавсим роҳашонро ба марҳилаи ниҳоии Чемпионати Осиё ҳамвор намуда бошанд, ёд надорад. Ин гуна  комёбӣ 11 сол пеш аз ин ба кишвари мо даст дода буд. Дастаи мунтахаби футзали кишвар низ, ки маротибаи дуюм пайопай ҳаққи ширкат дар Чемпионати Осиёро бидуни ҷалби бозингарони футболи калон ба даст овард, боиси ифтихори мост.


Чемпионати навбатии Осиё, ки баргузориаш дар Тайбейи Чин дар назар аст, барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон даҳумин мусобиқоти таърихии фароқоравӣ ба шумор меравад.

Тавре қаблан зикр намудам, соли сипаригардида пур аз маъракаҳои футбол дар кишвар буд. Соли равон Тоҷикистон макони баргузории 5 мусобиқоти байналмилалӣ интихоб гардида буд. Дар баробари марҳилаҳои интихобии Чемпионати Осиё байни наврасон ва ҷавонон, моҳи апрел дар шаҳри Душанбе бори аввал марҳилаи интихобии мусобиқоти футболи занона низ сурат гирифт, ки дар доираи он дастаи мунтахаби бонувони кишвар нахустин бозии таърихиашро барпо намуд. Ба ғайр аз ин, дар чаҳорчӯбаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ тобистони соли равон ду мусобиқаи байналмилалӣ миёни наврасон ва духтарон бо иштироки дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Афғонистон, Туркманистон ва Қирғизистон роҳандозӣ шуд.

Комёбии бошгоҳи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, ки дар мусобиқаи Ҷоми КФО то ба марҳилаи ниҳоӣ расид, шоистаи таҳсин аст. Дар се соли ширкат дар мусобиқоти Ҷоми КФО қаҳрамони бисёркаратаи Тоҷикистон бори дуюм то ба сабқати ниҳоӣ расид. Аммо мутаассифона, дар рақобати охирин ҷоизаи бонуфузи мазкурро моли худ карда натавонистем. Инро бидуни кадом як шубҳа метавон комёбии футболи тоҷик арзёбӣ намуд, агарчи бохт дар майдони худ андак аламангез аст. Ба иқрори бархе аз мутахассисону меҳмонони ифтихории мусобиқа, аз нигоҳи ташкилӣ баргузории рақобати ниҳоии Ҷоми КФО, ки соли равон дар шаҳри Ҳисор доир гардид, дар таърихи ин маъракаи бонуфуз беҳтарин ба шумор меравад.

Яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини таърихии дигари соли 2017- ин ифтитоҳи шабакаи телевизионии ФФТ «Футбол» дониста мешавад. Дар таърихи Тоҷикистон ин аввалин шабакаи телевизионии тахассусӣ дар соҳаи футбол ба шумор рафта, дар шаклу сифати дақиқияташ баландтарини муосири HD давоми 24 соат дар як шабонарӯз барномаҳои худро барои бинандагони сершумори мамлакат манзур мекунад.


Ҳадаф аз таъсиси бунгоҳи телевизионии «Футбол»- ин на танҳо нишон додани рақобатҳою майдондориҳои дастаҳои муқтадиртарини дунё мебошад, балки тавассути он мусоидат намудан ба ҷараёни оммавигардонии ин риштаи варзиш дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа ва интихоби тарзи ҳаёти солим аз сӯи онҳо низ ба шумор меравад. Дар фурсату фосилаи кӯтоҳи мавҷудияти худ шабакаи телевизионии «Футбол», ки ҳамчун рӯйдоди фараҳбахштарин дар Соли ҷавонон аз худ дарак дод, дар ниҳоди миллионҳо нафар мухлис меҳру муҳаббатро ба футбол бедор намуд.

Тайи се соли охир ФФТ ба қатори сегонаи созмонҳои дар ҳоли рушди футболи Осиё шомил мебошад. Аксари коршиносон рушду ривоҷи футболи кишвар ва фаъолияти федератсияи моро мусбат арзёбӣ мекунанд, ки ин мояи ифтихори мост.

— Назари Шумо нисбат ба ҳунарнамоии дастаи мунтахаби мамлакат дар соли 2017 чӣ гуна аст? 

— Мизони баҳогузории ҳар кадом федератсияи футбол-ин ҳунарнамоии дастаи мунтахаби миллии мамлакат маҳсуб меёбад. Метавон бидуни фосила барои дуру дароз зербинои футболро такомулу ташаккул дод, нақшаву барномаҳои ҷадид таҳияву тарҳрезӣ кард, шарикону сарпарастонро ҷалб намуд, аз худ ташаббусҳои зиёд нишон дод, вале дар ин радифу росто муҳимтар аз ҳама, ин аст, ки дастаи мунтахаби миллии мамлакат натиҷаҳои мусбат нишон дода, барои худ ба мусобиқаҳои бузурги Осиё роҳ кушояд.

Дар иртибот ба ҳунарозмоиҳои дастаи мунтахаби давлати мо дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё -2019 бо таассуф ҳаминро метавон гуфт, ки қабл аз муҳлат тими миллии Тоҷикистон роҳхати ширкат дар ин чорабинии бонуфузро дарёфт накард. Маълум аст, ки дастаи мунтахаби мамлакат то ҳанӯз дар сабқатҳои ниҳоии мусобиқоти Ҷоми Осиё ширкат наварзидааст. Ҳоло ҳалли ин масъалаву моҷаро то рақобати дастаи мунтахаби мо бо дастаи миллии Филиппин дар сафар, ки баргузориаш 27 марти соли оянда дар назар аст, ба таъхир афтод. Барои убури марҳилаи гурӯҳӣ дастаи мунтахаби моро танҳо ғалаба қаноат дода метавонад. Умедворам, ки мунтахаби мамлакат ба мусобиқоти Ҷоми Осиё барои худ роҳ мекушояд, вагарна ин давраро барои тими миллии Тоҷикистон метавон бебарор унвон намуд.

— Дар чаҳорчӯбаи барномаи «Forward» ФИФА дар Тоҷикистон як қатор лоиҳаҳо (пружаҳо) амалӣ гардиданд. Андешаҳои Шумо перомуни ин лоиҳаҳо?

— Пеш аз ҳама, бояд гуфт, ки тайи солҳои охир Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҷомеаи футболи ҷаҳон мақому мартабаи худро тавассути татбиқи ҳадафмандонаю самарабахши барномаю лоиҳаҳои ФИФА ва КФО боло бурда тавонист. Дар ҳамоиши байналмилалии ФИФА, ки моҳи феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Доха сурат гирифт, бино ба таъкиди ФИФА, Федератсияи футболи Тоҷикистон аввалин ассотсиатсияи миллие мебошад, ки баҳри амалӣ намудани барномаи “Forward” қарордодро бо ин созмон ба имзо расонд.

Ин барнома мураттаб аз чанд лоиҳа мебошад. Агар мо сари Лигаи олии мамлакат сухан ронем, ҳаминро метавон гуфт, ки дар муддати се соли минбаъда аз ҷониби ФИФА баҳри рушду инкишофи футболи бошгоҳии кишвар ба ҷиҳати молиявӣ кумак расонида хоҳад шуд. Дар доираи татбиқи лоиҳаи номбурда, Федератсияи футболи мамлакат ва Лигаи футболи Тоҷикистон бошгоҳҳои мамлакатро аз нигоҳи молӣ, таъмини варзишгоҳҳо бо ҷиҳози зарурӣ, пардохти музди хидмати доварон, нозирон ва комиссарони бозиҳои баргузошаванда дастгирӣ менамояд.


Чуноне ки дар ҷаласаи охирини Кумитаи иҷроияи ФФТ қайд гардид, тамоми бошгоҳҳои ширкаткунандаи Лигаи олии мамлакат бо либосҳои варзишӣ таъмин карда хоҳанд шуд. Барои бошгоҳҳо аллакай микроавтобусҳо хариданд. Ба ғайр аз ин, бошгоҳҳои иштирокчии Лигаи олии мамлакат бо дарназардошти мавқеъи ишғолнамудаашон дар ҷадвали мусобиқа подошпулиҳои иловагӣ дарёфт мекунанд. Ин таҷриба дар таърихи футбол қаблан вуҷуд надошт.

Барои тақвияти тавонмандии дастаҳои мунтахаби мамлакат, таъмини мунтазаму муътадили онҳо, бо шумули бошгоҳҳои Лигаи олӣ аз ҷиҳати молиявӣ зарур мебошад. Бинобар ин, лоиҳаи «Forward», ки аз ҷониби ФИФА роҳандозӣ мешавад, дар Тоҷикистон айни муддаост.

Роҳандозӣ намудани шиори «Лигаи пурзӯр-мунтахаби пурзӯр» кори имконпазир аст. Ҳамчунин мехостам фаъолияти Лигаи футболи мамлакатро зикр кунам, ки солҳои охир баҳри пешравии футболи бошгоҳии кишвар хизмати босазо намудааст.

Лоиҳаи дигаре, ки мо дар доираи барномаи «Forward» дар мамлакат татбиқ намуда истодаем, ин маблағгузории футболи кӯдакону наврасон мебошад. Имсол дар кишвар Лигаи кӯдакон ва наврасон дар доираи ду синну сол ва ду марҳила дар шакли бозиҳои рафту баргашт роҳандозӣ гардид. Маблағҳои ҷудонамудаи ФИФА баҳри пардохти сафари дастаҳои футболбозони наврас ба шаҳру навоҳии мамлакат ва ҳисобӣ кардани ҳаққи хизмати доварон, нозирон ва комиссарони бозиҳо масраф шуданд. Ҳамчунин 21 дастаи иштирокчии Лигаи кӯдаконав ва наврасон бо либоси варзишии ширкати испании «Kelme» таъмин шуданд.

Лоиҳаи дигари барномаи “Forward”-ин маблағгузории курсҳои гуногуни омӯзишӣ мебошад. Чуноне ки маълум аст, омӯзишҳо дар ҳаёти ҳар шахс нақши муҳим ва калидӣ мебозанд. Ин яке аз боарзиштарин бозёфтҳоест, ки инсон дар тӯли умри худ метавонад аз он бархурдор шавад. Бо истинод ба нуктаи мазкур соли 2017 наздики 20 курсҳои омӯзишии мураббиён бо мақсади дарёфти литсензияҳои дараҷаҳои “А”, “В”, “С”, курсҳои фитнес, футзал ва машғулияти омӯзишӣ барои мураббиёни дарвозабонҳо рӯи даст гирифта шуданд.

— Аз нигоҳи Шумо инфрасохтори футболи кишвар дар кадом вазъ қарор дорад?

— Дар ҳар намуди варзиш ба зербинои он таваҷҷуҳи махсус зоҳир бояд кард. Чаро ки барои варзишгар шароити хуби машқу тамрин фароҳам оварда нашавад, пас аз ӯ натиҷаи назаррасро набояд интизор шуд. Барои ҳамин дар ин марҳила рушд додани зербино лозим меояд.

Мавзӯъ ва масъалаи рушди футбол дар кишвар ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати кишвар, алалхусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Бо мақсади тақвияту тавсеаи фаъолияти сохторҳои давлатӣ дар самти ташкили футбол ва рушди босуръати оммавигардонии футбол дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат  имсол Ҳукумати мамлакат Барномаи рушди футбол дар мамлакатро барои солҳои 2017-2021 қабул намуд.


Ҳукумати мамлакат футболро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат шумурда, баҳри оммавӣ гардонидани он ва ҷалби аҳолӣ бо мақсади таъмини оммавияти он қадамҳои устувор мегузорад. Тайи чанд соли охир дар мамлакат варзишгоҳҳо ва майдончаҳои марбутаи зиёд мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Худи ҳамин сол дар маҳаллаҳои гуногуни пойтахти мамлакат  зиёда аз 70 майдончаи варзишӣ бунёд гардида, мавриди истифодаи ваеъ қарор гирифт. Гузашта аз ин соли оянда дар пойтахти мамлакат бунёд намудани беш аз 90 майдончаҳои варзишии дигар дар назар аст.

Тобистони соли ҷорӣ Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо сабзаи сунъии сохти нав пӯшонида шуд. Дар ин варзишгоҳ аллакай чанд мусобиқоти байналмилалӣ, аз ҷумла, финали Ҷоми КФО баргузор гардид. Тибқи нақша дар ибтидои соли оянда Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо фарши сунъии сабзи ҷадид таҷҳизонида хоҳад шуд. Дар баробари ин, дар Варзишгоҳи асосии пойтахт дастгоҳи нурафшои нав насб карда мешавад.

Қабл аз ин, дар шаҳру навоҳии гуногуни кишвар аз ҷониби ФФТ зиёда аз 10 майдончаи хурди варзишӣ мавриди истифода қарор гирифт. Соли гузашта дар доираи барномаи КФО «AFC president’s initiatives» дар Қӯрғонтеппа ва Данғара чаҳор майдончаи хурди варзишӣ бо сабзаи сунъӣ таҳия гардид, ки феълан мавриди баҳрабардорист. Имсол дар заминаи ҳамин барнома дар ҳудуди варзишгоҳи «Автомобилист»-и пойтахт 4 майдончаи хурди дигар бунёд ёфт. Бо эътино ба зерсохтори мавҷуда, фикр мекунам, ки мо варзишгоҳи футболбозии муосири дараҷаи «элит» ё ба ибораи дигар сатҳи «зубда»-ро надорем. Бунёди чунин варзишгоҳи замонавӣ дар оянда тибқи нақша дар назар аст.

— Шумо навиди фараҳбахшеро, ки дар мавсими соли 2019 чемпиони Тоҷикистон имкони эҳтимолии ҳаққи ширкат дар Лигаи чемпионҳои КФО-ро ба даст хоҳад овард, чӣ гуна пазируфтед?

— Мусбат пазируфтам. Ин ки бошгоҳи “Истиқлол” тайи 3 соли охир 2 маротиба то марҳилаи ниҳоии мусобиқоти Ҷоми КФО роҳ ёфт, бозгӯи он аст, ки чемпиони феълии мамлакат баҳри иштирок дар чунин чорабинии бонуфуз ҳаматарафа омода мебошад. Дар футбол бояд ҳамеша баҳри фатҳи қуллаҳои мақсуд талош ба харҷ дод.

Боиси хушнудист, ки шурӯъ аз соли равон чемпиони мамлакат оид ба футзал ҳам ҳуқуқи ширкат дар мусобиқоти фароқоравии бошгоҳии Осиёро дарёфт. Танҳо дар рақобат бо ҳарифони пурзӯр метавон сатҳи малакаю маҳорати худро зимни бозӣ баланд бардошт.

— Таманниёти Шумо дар фарҷоми суҳбат барои тамоми дӯстдорони футболи Тоҷикистон?

— Пеш аз ҳама, тамоми футболбозону мураббиён, роҳбарони бошгоҳҳо ва менеҷерон, собиқадорон ва доварон, мутахассисони футбол, рӯзноманигорон ва мухлисони футболи кишварро бо Соли нави интизор табрику таҳният мегӯям! Миннатдории хосаи худро ба мухлисон, ки давоми мавсим моро ҳамшарику дастгир буданд, иброз менамоям. Фикр мекунам, ки моро дар пеш соли пурбарор мунтазир мебошад. Танҳо заҳмати хастагинопазир натиҷаву самараи дилхоҳ ба бор меорад. Ба ҳамагон саломатӣ, рӯҳбаландӣ ва комгориҳо орзумандам! Бигзор футболи тоҷик ба фатҳи қуллаҳои баландтарин даст ёбад ва тамоми мухлисони хешро хушбахту саодатманд гардонад. Дар футбол ба даст овардани натиҷаҳои мусбат фурсат мехоҳад. Итминон медиҳам, ки баъди чанде заҳмату талошҳои мо самар хоҳанд овард.

Декабрь 29, 2017 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Бозиҳои олимпӣ ба шаҳри Парижи Фаронса сафар намуд
ҶОМИ ОСИЁ-2025. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) тамринҳои худро барои иштирок дар марҳилаи интихобии оғоз намуданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ШОҲМОТ. Дар Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалии варзишӣ оид ба шоҳмот доир мешавад
Имрӯз дастаҳои мунтахаби футзали Тоҷикистон ва Узбекистон бозӣ мекунанд
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»
Дар Хоруғ Варзишгоҳи марказӣ аз нав таъмир гардид
ФУТБОЛ. Дарко Илиески ва Павел Назаренко ба ҳайати бозигарони дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе пайвастанд
ҶОМИ «INNOPROM — 2024». Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб аз ин мусобиқот бо медали биринҷӣ ба Ватан баргашт
Темур Раҳимов маротибаи дуюм парчамбардори дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ мешавад
БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Рустами Эмомалӣ бо ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон мулоқот намуданд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Имрӯз дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва Узбекистон барои ҷойи сеюм байни ҳам бозӣ мекунад
ФУТБОЛ. Никола Стошич ба дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе баргашт