ШИКАСТИ ДАВЛАТИ ИБЛИС. Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар мавриди торумор шудани созмони террористии ба ном «Давлати исломӣ»

Декабрь 7, 2017 16:53

ДУШАНБЕ, 07.12.2017./АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Россия дирӯз  эълон намуд, ки Сурия пурра аз террористон озод карда шуд ва созмони террористии ба ном «Давлати исломӣ» пурра торумор гардид. Расонаҳои хабарии  дунё ин воқеиятро гардиши ҷиддӣ дар сиёсатҳои ҷаҳонӣ маънидод мекунанд. Дарвоқеъ, рӯйдоди мазкур барои ҳамагон, аз ҷумла барои мардуми Тоҷикистон  ҳам дилхушкунанда ва ҳам сабақомӯз аст. Директори Китобхонаи шаҳрии ба номи Лоҳутии пойтахт, донишманд ва рӯзноманигори шинохта Абдуқодири АБДУҚАҲҲОР  андешаҳояшро дар ин бора дар саҳифаи худ дар Фейсбук чунин изҳор намудааст:

Инак, иблиси лаъин – Абубукри Бағдодӣ ва шайтонбачча — пайравонаш аз ҷониби Эътилофи кишварҳои ғарб, Неруҳои ҳарбӣ — кайҳонии Россия ва артиши Башор Асад ба хоку хун кашида шудаву несту нобуд карда шуданд. Хилофати хилофкорон суқут намуд. Афсӯсу надомат, ки неруҳои аҳриманӣ бо ин амалашон Исломи поки Муҳаммадиро ҳамчун дини ҷангу оромиситез бадному доғдор ва мусалмонро дар ҷаҳон зишту манфур, бераҳму хунхӯр муаррифӣ намуданд. Даҳҳо ҳазор ҷавонони гумроҳ куштаву волидонашон ғуссамарг гардида, миллионҳо нафар одамон бехонаву дар ба дару гурезаву муҳоҷиру овора гардиданд. Роҳбарону идеологҳои даҷҷолбашараи «Давлати исломӣ», ки то кунун ягон нафарашон худро қурбон накардаанду намекунанд, оятҳоро таҳриф карда, фатвоҳои бепоя бароварда, ҷавонони гумроҳу чалласаводро бо роҳҳои гуногун, аз ҷумла гипнозу сеҳру манқурткунонию доруҳои эҳсосбарангез (ҳайвонӣ) ва эҳсоскўш (тарс) амсоли каптагон (амфетамин) ба доми фиреб кашиданд.

Дардовараш боз ин аст, ки дар қатори ин тудаи дад тоҷикписарони нохалаф низ кам набуданд. Таърих гувоҳ аст, ки ниёкони мо тули асрҳо фақат дар роҳи омӯзиши илму алайҳи нафси аммора ҷиҳод намудаву ин дини муқаддасро азамату ҷалол бахшидаву онро ҳамчун дини сулҳу суботу инсонсозу таҳаммулгаро ба оламиён ошно намудаанд.

Баъзе кўрдилон – ворисони имрӯзаи онҳо то ҷое бефаҳму тиҳимағз будаанд, ки дар муқаддасгоҳҳои мусалмонон — Ироқу Шом, ки қадамҷойҳои асосгузорону бунёдгузорони исломанду ҳазору чаҳорсад сол аст дар ин минтақа садои азон хомўш нашудааст, ҷиҳод эълон намудаву бо нидои «Аллоҳ Акбар!” хуни ноҳақи ҳазорон мусалмонро рехтанд.

Таърих сабақомӯз аст. Мо мардуми оддӣ, мақомоти давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ, ходимони дин бояд ин ҳаводиси шуму таънаборро ҷиддӣ биомӯзему иштибоҳи кардаамонро ислоҳ кунем. Чаро ҳидоятҳои Имоми Аъзам – пешвои мазҳабиямон корагар нагардиду ҷавонони мо ба ин роҳ рафтанд? Чаро суханони нухбагони миллат, пешвоёни дин ба онҳо беасар монд? Чаро волидайн, муаллимони ин ҷавонон аз роҳи хато онҳоро баргардонида натавонистанд? Ва боз чанд чарои дигар аст, ки мо бояд посух биёбем!

  Абдуқодири АБДУҚАҲҲОР

 

МАЪЛУМОТИ АМИТ «ХОВАР»:

Абдукодири  Абдуқаҳҳор  (Талбаков)    15-уми декбари соли 1967 дар деҳаи Баҳористони ноҳия Фархори вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Дастпарвари факултаи журналистии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Солҳои 2005 — 2012  ба ҳайси  директори Муассисаи давлатии  «Радиои Тоҷикистон» кор кардааст,  аз октябри соли 2012 то январи соли 2014 дар вазифаи директори МД «Телевизиони Пойтахт», сипас чанд муддат дар мақоми сардори Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.

Ҳоло директори Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутии Душанбе мебошад.

Декабрь 7, 2017 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор даври дуюми маҳфил-озмун ҷамъбаст карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз рӯйи ихтисоси забони чинӣ 352 нафар таҳсил менамоянд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ду ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Чӣ тавр метавонем дар Узбекистон бо интернет қарор дошта, чандин маротиба камтар маблағ сарф кунем
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУБОНӢ». Дар шаҳри Норак Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода нақшаи даъват пурра иҷро гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!». Таҳти чунин унвон ҳафтаи худидоракунӣ гузаронида мешавад