Ширин Амонзода: «Боҷи гумрукӣ барои вуруди мошинҳои нави сабукраве, ки ба сайёҳон хизмат мерасонанд, 50 фоиз поён бурда мешавад»
ДУШАНБЕ, 20.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. 19 декабри соли равон дар ноҳияи Файзобод семинари омӯзишӣ ва курси такмили ихтисоси кормандони соҳаи сайёҳӣ ва роҳбаладон барои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда доир гардид.
«Моҳи майи соли равон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори алоҳида бо номи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Кумитаи рушди сайёҳӣ барои амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ таъсис ёфта, мақсади асосии он фароҳам овардани шароити мусоид барои татбиқи фаъолият дар бахши сайёҳӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии бозори сайёҳии кишвар дар минтақа ва ҳам дар ҷаҳон мебошад»,- гуфт муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода.
Ба иттилои Ширин Амонзода, ҳарчанд ки Кумитаи рушди сайёҳӣ ниҳоди навтаъсис аст, вале сиёсати давлатӣ дар татбиқи меъёрию ҳуқуқии амалкунанда ҳанӯз аз солҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти ҷумҳурӣ амалӣ мегардад.
Соли 2007 Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқ ба Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ пазируфта шуд, ки дар он 158 давлат ва 509 ташкилотҳои муассисаҳои узви вобастаи он фаъолият доранд.
Бояд гуфт, ки дар баробари таъсиси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ, инчунин аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади пешбурди ширкатҳои сайёҳӣ ва хизматрасонии арзанда имконият ва имтиёзҳо дода шуданд. Инчунин барои татбиқи пешниҳодҳои Сарвари давлат ба қонунҳои амалкунанда тағйирот ворид шуда, дастгириҳои давлатии рушди соҳаи сайёҳӣ дар доираҳои барномаҳои амалкунандаи рушди соҳаи сайёҳӣ барои солҳои 2015-2017 ва лоиҳаи ин барнома барои солҳои 2018-2020 таҳия гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.
Ба иттилои муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нафароне, ки мехоҳанд барои боло бурдани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ ба кишвар мошинҳои нави сабукрав ворид кунанд, барои онҳо ба андозаи 50 фоиз меъёри боҷи гумрукӣ поён бурда мешавад.








Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






