Шоқосим Шоисломов: «Ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳамаи самтҳо таҳким ёфтаанд»

Декабрь 7, 2017 18:14

ДУШАНБЕ, 7.12.2017/АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 25-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва раванди ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоии татбиқшаванда дар ин мамлакат  брифинги Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоқосим Шоисломов баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад,  брифингро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар ифтитоҳ намуда, аз рушди муносибатҳои гуногунсоҳаи ҳарду мамлакат ёдовар шуд ва аз барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар ирсол шуда буд, иқтибос овард: «Ӯзбекистони дӯст аз аввалинҳо шуда, робитаҳои дипломатиашро бо Тоҷикистон дар давраи мураккабу печидаи ташаккул ёфтани кишвари мо ба ҳайси давлати соҳибихтиёр ба роҳ монд. Мо муносибатҳои имрӯзаи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории миёни кишварҳо ва мардумонамонро арзишманд медонем».

Шоқосим Шоисломов бо изҳори қаноатмандӣ ва тавсеа бахшидан аз муносиботи бисёрсоҳаи ду кишвари дӯсту бародар- Тоҷикистону Ӯзбекистон  ёдовар шуда, дар мавриди қабули Конститутсияи кишвараш гуфт, ки зимни омода намудани лоиҳаи Конститутсия таҷрибаи дигар давлатҳои ҷаҳон омӯхта, ба назар гирифта  шуд.

Тавре Шоқосим Шоисломов иброз дошт,  8 декабри соли 1992 Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон қабул ва ҳамон рӯз қонунҳо «Дар бораи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон», «Дар бораи эълон намудани Рӯзи қабули Конститутсия ҳамчун иди умумимиллӣ» ва «Дар бораи тартиби ба амал баровардани Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ба  имзо расиданд».

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоқосим Шоисломов мақсади баргузории брифинро тавсеа бахшидан ба муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ӯзбекистон арзёбӣ карда, гуфт, ки соли равон ҳамкории дуҷонибаи ду давлат дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, роҳу нақлиёт, обу энергетика, ҳифзи сарҳад ва фарҳанг таҳким ёфт ва он дар оянда натиҷаҳои назаррас ба бор хоҳад овард.

 

 Шукӯҳи ДАЛЕР,

АМИТ “Ховар”

 

 ЁДДОШТИ АМИТ «ХОВАР» ОИД БА ҲАМКОРИИ ГУНОГУНҶАНБАИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН ДАР СОЛИ 2017

 

25.01.2017 — Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев як гурӯҳи фаъолони марказҳои фарҳангӣ, аз ҷумла, 2 нафар тоҷиконро «барои саҳмгузорӣ дар таҳкими дӯстии байналмилалӣ ва ризоият дар кишвар» бо ордену медалҳо сарфароз гардонид.

***

11.02.2017 – нахустин ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе фуруд омад.

***

17 то 20.04.2017 – дар маркази савдои «Меҳргон» («Пойтахт-90») – и шаҳри Душанбе дар нахустин намоишгоҳи миллии молу маҳсулоти Ӯзбекистон беш аз 160 ширкату корхонаҳои тавлидотии Ӯзбекистон маҳсулоташонро ба намоиш гузоштанд.

***

19.04.2017 — дар Душанбе ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон доир шуд, ки дар он имконият ва иқтидори иқтисодию тиҷоратии ду кишвари ҳамҷавор муаррифӣ гардид.

***

09.05.2017 — ҳайати расмӣ ва эҷодии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо роҳбарии муовини аввали Вазири фарҳанги ин кишвар Минҳоҷиддин Ҳоҷиматов барои иштирок дар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе омада, нахуст аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуд.

***

10.05.2017 —дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид (12 май ба итмом расид).

***

15.06.2017 — дар ҳошияи баргузории ҷаласаи 65-уми роҳбарони мақомоти гумруки  кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар пойтахти Озарбойҷон-шаҳри Боку байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон  ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

***

20.06.2017 — ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон   таҳти роҳбарии муовини  Сарвазири ин кишвар Улуғбек  Розуқулов  ба Тоҷикистон ташриф овард.

***

20.06.2017 — дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳамоиши истеҳсолкунандагон ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.

***

21.06.2017 — Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири ин кишвар Улуғбек Розуқулов мулоқот намуд.

***

29.06.2017 — дар доираи баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои ИДМ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон генерал-майор Абдусалом Азизов вохӯрӣ кард.

***

10.07.2017 — Телевизиони Ӯзбекистон филми мустанади «Ӯзбекистон-Тоҷикистон: дӯстие, ки аз санҷиши замон гузаштааст»-ро, ки  шабакаи телевизиони «O‘zbekiston» таҳия кардааст, намоиш дод.

***

24.07.2017 — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Сарвари давлати мо бо таманниёти беҳтарин Президенти Ӯзбекистони дӯстро бо ҷашни 60-солагии зодрӯзаш самимона муборакбод намуданд.

***

05.09.2017 — Бонки марказии Ӯзбекистон бори нахуст арзиши сӯми Ӯзбекистонро нисбат ба сомонии Тоҷикистон эълон кард.

***

18.09.2017 -дар шаҳри Ашқобод дар ҳошияи маросими ифтитоҳи 5-умин Бозиҳои осиёӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд.

***

05.10.2017- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Сарвари давлати Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрик намуд.

***

09.10.2017 — дар маркази маъмурии вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд «Маркази савдои Ӯзбекистон» ифтитоҳ гардид.

***

10 то 14.10.2017 —  Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ўзбекистон баргузор гардид.

***

11.10.2017 —  дар Театри давлатии академии калони ба номи Алишер Навоии шаҳри Тошканд мулоқоти ҳайати расмии Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ўзбекистон  бо роҳбарии муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Машраб ва Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ўзбекистон Бахтиёр Сайфуллоев баргузор гардид.

***

20.10.2017- миёни Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

***

22.11.2017 —  ширкати   ҳавонавардии миллии Ӯзбекистон «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ»  арзиши  чиптаҳои ҳавопайморо дар самти Душанбе – Тошканд то 200 сомонӣ арзон намуд.

 

 

 

Декабрь 7, 2017 18:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор даври дуюми маҳфил-озмун ҷамъбаст карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз рӯйи ихтисоси забони чинӣ 352 нафар таҳсил менамоянд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ду ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Чӣ тавр метавонем дар Узбекистон бо интернет қарор дошта, чандин маротиба камтар маблағ сарф кунем
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУБОНӢ». Дар шаҳри Норак Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода нақшаи даъват пурра иҷро гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!». Таҳти чунин унвон ҳафтаи худидоракунӣ гузаронида мешавад