Сифати таълим аз ҳар ҷиҳат ба истифодаи технологияи муосири иттилоотию коммуникатсионӣ вобаста аст

Декабрь 19, 2017 17:03

ХОРУҒ, 19.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Хоруғ таҳти  унвони «Такмили ихтисоси омӯзгор-асоси рушди касбӣ» конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар он роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мутахассисони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва собиқадорони соҳаи маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  ширкат намуданд. Бахшида ба конфронс дар дар саҳни донишкада китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, асару мақолаҳои илмии мутахассисони донишкадаи мазкур, асбобу анҷоми муосири таълимӣ ба намоиш гузошта шуданд. Директори ин донишкада Ғарибшо Ғарибшоев гуфт, ки «асри бисту якро асри пешрафти бесобиқаи илму техника ном мебаранд. Ҳар дақиқаву ҳар соат дар ин ё он гӯшаи олам бо мақсади боз ҳам боло бурдани сатҳи зиндагии инсонҳо олимон кашфиёти мухталиф анҷом медиҳанд. Аммо худи ин олимонро маҳз омӯзгорон тарбия мекунанд. Барои баланд бардоштани маҳорату малакаи омӯзгор дар баробари дигар раёсату шуъбаҳои маориф донишкадаи мо низ масъулияти баланд бар дӯш дорад. Аз ин рӯ ҳар навгонии муфиде, ки дар тарзу усул ва шеваи таълиму тарбия дар сатҳи ҷаҳон рух медиҳад, мутахассисони донишкада кӯшиш мекунанд онро тавассути маҷаллаи илмӣ-методии «Роҳнамои омӯзгор» ба омӯзгорони муассисаҳои таълимии вилоят  расонанд».

Собиқадори соҳаи маориф Ғуломамад Фақиров, ки 60 соли ҳаёти худро ба таълиму тарбияи насли наврас бахшидааст, аз таваҷҷуҳи беандозаи ҳукумати кишвар ба соҳаи маориф ситоиш карда, изҳор намуд, ки айни ҳол ҳатто дар дурдасттарин деҳоти вилоят хонандагон соҳиби технологияи муосир буда, ба шабакаи интернет дастрасӣ доранд. «Барои насли калонсол ин як афсона аст. Як усули наве, ки дар мактабҳои миёна роҳандозӣ шудааст ва дар гузашта ба он чандон аҳамият зоҳир намекарданд, ин усули салоҳиятнокии хонандагон аст. Яъне, дар мактабҳои имрӯза  хонандагон ҳам соҳиби дониши назариявӣ ва ҳам амалӣ мешаванд, ки дар оянда аз ин дониши амалӣ метавонанд дар зиндагӣ ва рӯзгори худ истифода баранд. Агар дар хона ягон асбоби техникии электронӣ ё барқӣ вайрон шавад,  худи хонандагон бидуни кумаки мутахассис онро таъмир мекунанд».

Омӯзгори соҳибтаҷриба Шоҳзода  Саидиброҳимов нақши мутахассисони донишкадаро дар рушду такомули забони давлатӣ муассир хонда, баён дошт, ки «назар ба солҳои пеш саводи хаттӣ ва шифоҳии хонандагон хеле баланд шудааст. Ҳатто дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Мурғоб, ки қирғизтаборон таҳсил мекунанд, бо забони тоҷикӣ озодона суҳбат мекунанд ва бисёр маҳфилҳои фарҳангии худро бо забони давлатӣ таҳия ва пешкаши ҳамсолони худ мегардонанд».

Дар конфронс як гурӯҳ омӯзгорони муассисаҳои таълимии вилоят ва мутахассисони филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзӣ барои фаъолияти пурсамари педагогӣ, ҷорӣ кардани тарзу усулҳои муосири таълимӣ бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Декабрь 19, 2017 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид