Сифати таълим аз ҳар ҷиҳат ба истифодаи технологияи муосири иттилоотию коммуникатсионӣ вобаста аст
ХОРУҒ, 19.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Хоруғ таҳти унвони «Такмили ихтисоси омӯзгор-асоси рушди касбӣ» конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар он роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мутахассисони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва собиқадорони соҳаи маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ширкат намуданд. Бахшида ба конфронс дар дар саҳни донишкада китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, асару мақолаҳои илмии мутахассисони донишкадаи мазкур, асбобу анҷоми муосири таълимӣ ба намоиш гузошта шуданд. Директори ин донишкада Ғарибшо Ғарибшоев гуфт, ки «асри бисту якро асри пешрафти бесобиқаи илму техника ном мебаранд. Ҳар дақиқаву ҳар соат дар ин ё он гӯшаи олам бо мақсади боз ҳам боло бурдани сатҳи зиндагии инсонҳо олимон кашфиёти мухталиф анҷом медиҳанд. Аммо худи ин олимонро маҳз омӯзгорон тарбия мекунанд. Барои баланд бардоштани маҳорату малакаи омӯзгор дар баробари дигар раёсату шуъбаҳои маориф донишкадаи мо низ масъулияти баланд бар дӯш дорад. Аз ин рӯ ҳар навгонии муфиде, ки дар тарзу усул ва шеваи таълиму тарбия дар сатҳи ҷаҳон рух медиҳад, мутахассисони донишкада кӯшиш мекунанд онро тавассути маҷаллаи илмӣ-методии «Роҳнамои омӯзгор» ба омӯзгорони муассисаҳои таълимии вилоят расонанд».
Собиқадори соҳаи маориф Ғуломамад Фақиров, ки 60 соли ҳаёти худро ба таълиму тарбияи насли наврас бахшидааст, аз таваҷҷуҳи беандозаи ҳукумати кишвар ба соҳаи маориф ситоиш карда, изҳор намуд, ки айни ҳол ҳатто дар дурдасттарин деҳоти вилоят хонандагон соҳиби технологияи муосир буда, ба шабакаи интернет дастрасӣ доранд. «Барои насли калонсол ин як афсона аст. Як усули наве, ки дар мактабҳои миёна роҳандозӣ шудааст ва дар гузашта ба он чандон аҳамият зоҳир намекарданд, ин усули салоҳиятнокии хонандагон аст. Яъне, дар мактабҳои имрӯза хонандагон ҳам соҳиби дониши назариявӣ ва ҳам амалӣ мешаванд, ки дар оянда аз ин дониши амалӣ метавонанд дар зиндагӣ ва рӯзгори худ истифода баранд. Агар дар хона ягон асбоби техникии электронӣ ё барқӣ вайрон шавад, худи хонандагон бидуни кумаки мутахассис онро таъмир мекунанд».
Омӯзгори соҳибтаҷриба Шоҳзода Саидиброҳимов нақши мутахассисони донишкадаро дар рушду такомули забони давлатӣ муассир хонда, баён дошт, ки «назар ба солҳои пеш саводи хаттӣ ва шифоҳии хонандагон хеле баланд шудааст. Ҳатто дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Мурғоб, ки қирғизтаборон таҳсил мекунанд, бо забони тоҷикӣ озодона суҳбат мекунанд ва бисёр маҳфилҳои фарҳангии худро бо забони давлатӣ таҳия ва пешкаши ҳамсолони худ мегардонанд».
Дар конфронс як гурӯҳ омӯзгорони муассисаҳои таълимии вилоят ва мутахассисони филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзӣ барои фаъолияти пурсамари педагогӣ, ҷорӣ кардани тарзу усулҳои муосири таълимӣ бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.








Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд






