«Террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад»,-бардошт аз Паёми Президенти Тоҷикистон
Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад.
Эмомалӣ Раҳмон
ДУШАНБЕ, 29.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар давоми даҳсолаҳои охир ва махсусан дар нимаи аввали асри XXI терроризм ва экстремизм мавриди таваҷҷуҳи ҳамаҷонибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифта, ба масъалаи глобалии замони муосир табдил ёфтааст. Омӯзиши ин масъала дар корҳои зиёди илмии таҳлилгарон, олимон ва сиёсатмадорон баррасӣ шудааст ва масъалаи мазкур тақозо мекунад, ки ба таври васеъ ва ҳаматарафа омӯхта шуда, сабабу омилҳо ва чораҳои пешгирикунандаи он муайян карда шаванд.
Муовини ректор оид ба корҳои таълимии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Ҷумҳурии Тоҷикистон Насимҷон Ойев суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки зимни пешниҳоди Паёми хеш 22 декабри соли равон зикр намуда буданд, бисёр саривақтӣ ва муҳим мешуморад. Зеро ба гуфтаи ӯ, имсол дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардидааст. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифтанд. Ва метавон гуфт, ки идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад.
«Мутаассифона, тайи солҳои охир гурӯҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ҷомеаи тоҷикистониро низ хеле ба ташвиш овардааст. Ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои гумроҳи террористӣ аз надоштани ҷаҳонбинии илмӣ ва динӣ, нодуруст истифода намудани шабакаҳои иттилоотӣ (интернет), нодида гирифтани самараи истиқлолият, сулҳу субот ва оромӣ дар мамлакат, бепарвоӣ ва бетарафии бархе аз аъзои ҷомеа, алалхусус ҷавонон истифода намуда, дар байни онҳо тарғиботу ташвиқот анҷом дода мехоҳанд, ки мақсадҳои ғаразноки худро амалӣ созанд»,-мегӯяд Насимҷон Ойев.
Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, надоштани саводи кофӣ ҳамеша дар пайи худ ҷаҳолату бозмондагӣ ва рў овардан ба хурофотро ба бор оварда, сабабгори зуҳур намудани экстремизм ва терроризм мегардад. Чунин масъалаҳоро ташкилот ва ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ба хубӣ дарк намуда, онро барои расидан ба мақсадҳои ғаразноки гурўҳҳои худ кайҳо боз истифода мебаранд. Мисоли равшани онро метавонем дар ҳодисаҳои Ироқ, Либиё, Сурия ва Украина мушоҳида намоем. «Дар чунин вазъият, масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки якпорчагӣ ва истиқлолияти Тоҷикистони азизамонро аз чунин пайомадҳои манфӣ эмин нигоҳ дорем. Зеро вазъи ҷаҳони муосир ниҳоят мураккаб буда, вай ба ҷаҳони таблиғ ва паҳн намудани ғояҳои тундгароӣ, густариши хатарҳои экстремизму терроризм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, коҳиши маънавии ҷомеа ва падидаҳои дигари номатлуб табдил ёфтааст»,-изҳор медорад ӯ.
Ба гуфтаи Насимҷон Ойев, бо мақсади пешгирии фаъолияти экстремистӣ устодон ва донишҷўёнро зарур аст, ки дар мубориза бар зидди экстремизм аз тамоми имкониятҳои мавҷуда, аз ҷумла, тарбия намудани ҷомеаи солим, эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, худшиносии миллӣ самаранок истифода намуда, дар баробари мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нақши босазои худро гузоранд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






